Jump to content

Воҳид (фалсафа)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Воҳид — мақулаи динию фалсафии ифодакунандаи вуҷуди ягонаи мутлақи дорои камолоти зотӣ, ки то амали офариниш дар ҳолати ғайбулғуюб (аҳадият) қарор дорад.

Қоидаи нахустини назарияи судур «ал-Воҳиду ло ясдуру анҳу илла-л-воҳид» («аз воҳид ба ҷуз воҳид содир нахоҳад шуд») аст, ки дар таълимоти мактабҳои фалсафии асрҳои миёна зимни содири аввал аз Худованд риоят шудааст. Масалан, дар фалсафаи намояндагони машшоия зимни тааққули Худованд аз Худии Хеш («феъли андешаи Илоҳӣ») аз вуҷуди Ӯ ақли аввал содир мешавад. Баъдан дар натиҷаи тааммули себуъдӣ (секарата)-и ақли аввал (тааққул дар бораи мабдаи Худ, тааққул дар бораи вуҷуби вуҷуди Худ, тааққул дар бораи ҳудуди моҳияти Худ) ва такрори он тавассути дигар ақлҳо мутобиқ ба афлоки осмонӣ ва нуҷуми батлимусӣ уқули ашара (ақлҳои даҳгона) бо офаридаҳои марбутаашон арзи вуҷуд хоҳанд кард.

Дар таълимоти намояндаи ҳикмати ишроқ Шиҳобуддини Суҳравардӣ ду мартаба — мартабаи тӯлӣ (ба мисли маротиби Ибни Сино) ва мартабаи арзӣ (уфуқӣ), дар таълимоти исмоилия як мартаба — ақли кулл ва нафси кулл, дар таълимоти намояндаи ҳикмати мутаолиҳа Садруддини Шерозӣ вуҷуди мунбасит ва дар адёни иброҳимӣ маротиби гуногун вуҷуд доранд. Тибқи таълимоти тасаввуф, Худованд дар ду таҷаллӣ ба ҳастии мутлақ таҳаққуқ мебахшад. Таҳаққуқи аввалӣ («файзи ақдас») бо мартабаи аҳадият (таҷаллии зоти Илоҳӣ ба Худии Худ) ва таҳаққуқи дуюмӣ («файзи муқаддас») бо мартабаи воҳидият (сурати илмии исмҳои Илоҳӣ) баробар аст. Мартабаи воҳид дар тасаввуф бо воҷибулвуҷуд муродиф буда, ҳар ду билқувва касрати олами моддиро дар худ ниҳон доранд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • История таджикской философии с древнейших времен до XV в. Т. 1-2. Д., 2010—2013;
  • سید حسین نصر. معرفت امر قدسی. تهران، 1380 ش.؛
  • داریوش شایگان. هنری کاربن: آفاق تفکر معنوی در اسلام ایرانی. تهران، 1365 ش.؛
  • دینانی غلام حسین ابراهیم. دفتر عقل یا آیت عشق. جلد 1 — 3. تهران، 1380—1383 ش.ر.