Вранг (дайри буддоӣ)
Вранг — дайри буддоӣ дар шахи соҳили чапи дарёи Врангдара (шохоби рости дарёи Панҷ).
Майдончае, ки дар он Вранг ҷойгир аст, бо девор иҳота шудааст. Таҳдоби деворҳои бинои Вранг аз санг, деворҳояш аз хишти хом бардошта шуда, манораҳо дорад ва дар дохили утоқҳо суффаҳо сохта шудаанд (хишти 42х27х10 см, 28–30–42–42 см, 41х10х9 см). Хиштҳо тамға доранд. Вранг аз паллаи сезинадор (зинаи охирин дар натиҷаи корҳои сохтмонии солҳои охир хароб шудааст) иборат аст. Дар бахши ҷанубӣ, мобайни зинаи дуюм, суффачаи росткунҷа мавҷуд аст. Он пояест, ки дар болояш рӯҳонӣ истода, ниёиш мекард. Рӯҳонӣ ба рӯйи поя аз остонаи нишеби даромадгоҳ боло мешуд. Дар миёни зина ва девори шарқӣ саҳн (ҳавлӣ) ҷойгир шудааст. Дар паҳлуи девори шарқӣ барои сукунати хидматгузорони Вранг утоқҳои суффадор сохта шудаанд, ки чагдон ва анҷомхона (масоҳаташ 10,58–16,12 м2) доранд. Ҳамаи утоқҳои Вранг ба саҳни ҳавлӣ мебароянд, ки санҷадариҳои қадимии чӯбии онҳо боқӣ мондаанд. Даромад ба зина аз ҷониби саҳн аст. Ба дохили Вранг аз ду даромадгоҳ ворид шудан мумкин буд: 1. Аз кунҷи ҷанубу шарқии девори шарқӣ; 2. шимолӣ – дар мобайни девори шимолӣ. Бо дарвозаҳои чӯбӣ баста мешуданд (санҷадариҳо боқӣ мондаанд). Дар қирраҳои девори шимолӣ бурҷҳо сохта шудаанд, ки яке бар пояи секунҷа қарор дорад. Аз баромадгоҳи шимолӣ пайроҳае ба сӯйи чиллахонаҳои дар нишебии ғарбии шах кандашуда мебарад. Ҳангоми ҳафриёт маводди фаровоне ба даст омад, ки бораи омӯзиши зиндагии сокинони Вранг (бунёдаш асрҳои 6–7) имкон фароҳам меорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бубнова М. А. Археологическая карта Горно-Бадахшанской автономной области. Западный Памир (памятники каменного века – ХХ Вранг). Д., 2008.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вранг / М. Бубнова // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.