Всеволод Веселовский

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Всеволод Веселовский
Иттилооти асосӣ

Веселовский Всеволод Глебович (1914—2001) — меъмор[1], Меъмори хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1977), дорандаи Ҷоизаи давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ (ба хотири ҳайкали В. И. Ленин дар собиқ ш. Ленинобод, 1974).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз хатми Институти муҳандисии сохтмони маишии ш. Ленинград (1937) барои кор ба Тоҷикистон фиристода мешавад. Тарҳи куллии шаҳракҳо, совхозҳо, МТС-ҳо ва нахустин колхозҳо дар ҷумҳурӣ, лоиҳаҳои мукаммали ш-ҳои Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) ва Қӯрғонтеппа аз ҷумлаи корҳои ӯянд. Дар солҳои 1937-39 ӯ нахустин лоиҳаи генералии Хуҷанд — Ленинобод — Хуҷандро тарҳрезӣ кард, ки дурнамои рушди шаҳрро дар соҳили рости д. Сир муайян месохт. Солҳои 1941-45 дар ҶБВ иштирок намуд. Баъди ҷанг то соли 1957 дар ш-ҳои Ленинград, Вилнюс ва Омск кор кард. Соли 1960 бо дархости Ҳукумати Тоҷикистон ба Душанбе баргашт. Соли 1963 кор бар лоиҳаи генералии Ленинободро идома дод. Дар солҳои 1979-80 аз ҷониби Всеволод Веселовский тарҳи рушди ояндаи ин шаҳр то соли 2005 пешниҳод гардид. Солҳои 1961-80 муовини Раиси Госстройи ҶШС Тоҷикистон, 1962-79 дар чаҳор давра раиси ИМ Тоҷикистон, солҳои 1965, 1970 ва 1975 узви раёсат ва узви садорати ИМ СССР интихоб мешавад. Соли 1962 бо ибтикори Всеволод Веселовский, дастгирии ИМ Тоҷикистон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Институти политехникӣ (ҳозира Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ) шуъбаи меъморӣ кушода шуд.

Всеволод Веселовский муаллифи чандин лоиҳа, аз ҷумла муҷтамаи ДМТ дар ш. Душанбе аст. Солҳои 1946-57 раиси ИМ Литва, 1958-60 сарвари шуъбаи ИМ ИҶШС дар ш. Омск, 1961-76 раиси ИМ Тоҷикистон буд. Дар ш. Вилнюс (1955) ва Душанбе (1965) Хонаи меъморонро таъсис дод. Муаллиф ва шарикмуаллифи чандин китобу мақолаву очерк, аз ҷумла китоби «Архитектура Советского Таджикистана» (ду бор нашр шудааст).

Ыоизащо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо орденҳои Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 1), Ситораи Сурх, «Нишони Фахрӣ», грамотаҳои фахрии Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва РСС Литва сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Веселовский Всеволод Глебович / Р. Муқимов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.