Вулвит
МКБ-10 | N76.3, N76.4 |
---|---|
МКБ-9 | 616.10 |
DiseasesDB | 14017 |
MedlinePlus | 001445 |
eMedicine | / |
MeSH | D014847 |
Вулвит — газаки узвҳои ҷинсии занҳо. Ба вулвит асосан духтарбачаҳо ва занҳои солхӯрда гирифтор мешаванд.
Аломатҳои вулвит
[вироиш | вироиши манбаъ]- хориши фарҷ
- ҳисси дард, ки ҳангоми роҳ гаштан шиддат мегирад
- сурх шудани луобпардаҳои аъзои таносул, пардаи бакорат ва гоҳ сатҳи дарунии рону сурин
Дар натиҷаи табобати дуруст вулвит зуд шифо меёбад. Дар сурати ба таъхир гузоштани муолиҷа беморӣ куҳна шуда, зуд-зуд авҷ мегирад, девораҳои маҳбал ва лабҳои фарҷ (дар духтарчаҳои 3-4-сола) ба ҳамдигар мечаспанд. Ангезандаи вулвит стафилококкҳо, стрептококкҳо, баъзан қаламчамикроби хуноқ ва гонококку занбӯруғҳо мебошанд. Ба пайдоиши вулвит риоя накардани қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, осеби пӯсти фарҷ ва луобпардаи маҳбал (кафидагӣ, ҷойи харошхӯрда), бемориҳои музмин (тонзиллит, пиелонефрит), ихтилоли мубодилаи моддаҳо (фарбеҳӣ, диабети қанд) ва омилҳои дигар мусоидат менамоянд. Заъфи фаъолияти ҳормони тухмдон, ки бинобар «худро тоза кардан»-и маҳбал падид меояд (миқдори кислотаи шир — маҳвсозандаи микроорганизмҳои беморизо коҳиш меёбад), омили асосии инкишофи вулвит аст.
Бо мақсади табобат бояд сабаби вулвит рафъ карда шавад. Узви таносулро рӯзе 2-3 бор бо ҷӯшобаи бобуна ё маҳлули фуратсилин (1:5000) шустан лозим. Риояи парҳез ва худдорӣ аз истеъмоли ғизои тунд ҳатмист. Вулвите, ки бар асари бемориҳои сӯзок, трихомоноз ва сил сар задааст, табобати махсус мехоҳад. Дар давраи муолиҷаи вулвит аз алоқаи ҷинсӣ худдорӣ бояд кард.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Прилепский В. Н. Заболевания шейки матки, влагалища и вульвы. М., 2003;
- Цвелев Ю. В. (ва диг.). Ургентная гинекология. М., 2004;
- Рищук С, В. Костючек Д. Ф. Половые пары и половые инфекции. М., 2005;
- Додхоева М. Ф. Некоторые региональные особенности плацент женщин в Республике Таджикистан. СПб., 2008.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вулвит / М. Додхоева // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.