Вулканизатсия
Вулканизатсия — раванди технологии ба резин мубаддал шудани каучуки табиӣ ё сунъӣ.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Бори нахуст аз каучук бо ёрии сулфур (Ч. Гудйир, ИМА, 1839, Т. Гэнкок, Британияи Кабир, 1843) резин ҳосил карданд. Аз ҷиҳати кимиёӣ вулканизатсия раванди ба ҳам пайваст («дӯхта») шудани молекулаҳои дарозу чандири каучуки нарм мебошад, ки дар натиҷа тӯри сеченакии фазоии дорои бандҳои кӯндаланги аз ҳам дур (ба истилоҳ тӯри вулканизатсия) ҳосил мешавандВулканизатсия аз таъсири сулфур (моддаи асосии вулканизатсия), баъзе пайвастҳои органикӣ (пероксидҳо, пайвастҳои сулфуру галогендор ва ғайра) ё афканишоти ионзо ба амал меояд. Дар натиҷаи вулканизатсия устуворӣ, сахтӣ, чандирӣ (эластикӣ), ба хунукӣ ва гармӣ тобоварии маҳсулот баланду дараҷаи варамкунӣ ва ҳалшавиаш дар ҳалкунандаҳои органикӣ паст мешавад. Барои коркарди ҳар як навъи каучук ва истеҳсоли маҳсулоти резинӣ маводди вулканизатсия-ро дар алоҳидагӣ интихоб мекунанд, мас., барои каучуки диеновӣ вулканизатсия-и сулфурӣ, барои каучуки уретанӣ диизосианатҳоро истифода мебаранд. Ба таркиби омезаҳои вулканизатсия ба ғайр аз каучук ва моддаҳои вулканизатсияшаванда инчунин тезкунандаҳо (сулфидҳои органикӣ, меркаптанҳо ва ғайра), фаъолкунандаҳо (ZnO, MgO ва ғайра), пуркунандаҳо (карбони техникӣ, бӯр, каолин, кислотаи силикати полидисперсӣ ва ғайра), моддаҳои аз куҳнашавӣ нигоҳдоранда (бисфенолҳо, диаминҳо ва ғайра), нармкунандаҳо (равғанҳои нафтӣ, дибутилфталат ва ғайра), сусткунандаҳои раванди зервулканизатсия (ангидриди фталат, N-нитрозодифениламин) ва ғ. дохил мешаванд. Хусусияти резин ба миқдори бандҳои байнимолекулавии кӯндаланг вобастагӣ дорад, мас., агар бо каучук камтар аз 5 % сулфур пайваст гардад (дар ин маврид шумораи бандҳо каманд), ба ном резини нарм ҳосил мешавад, ки аз он камераҳои мошин, рӯйпӯшҳои чарх, тӯбҳо, найчаҳои резинӣ, пойафзори резинӣ ва ғ. истеҳсол мекунанд. Ҳангоми пайваст шудани 30-50 % сулфур миқдори зиёди бандҳои кундаланг ҳосил мешавад ва дар натиҷа резини сахт — эбонити аз ҷиҳати кимиёӣ устувор истеҳсол мегардад. Дар саноат вулканизатсия-и бештар маъмули сулфуриро ба тарзи то 120-140О гарм кардани маҳсулоти вулканизатсия-шаванда истифода мебаранд. Вулканизатсияро, одатан, дар қолаб, автоклав ва дигар дастгоҳҳои махсус зери фишори баланд ё дар ҳолати озод мегузаронанд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вулканизатсия / И. Қурбонов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.