Вулфенит
Намуди зоҳирӣ
Вулфенит
| |
|---|---|
| Вульфенит из Аризоны, ИМА | |
| Формула | Pb[MoO4] |
| Физические свойства | |
| Цвет | Жёлтый, оливково-зелёный, коричневый |
| Цвет черты | Желтовато-белая |
| Блеск | Смолистый, жирный |
| Прозрачность | Полупрозрачный — просвечивающий |
| Твёрдость | 3 |
| Спайность | {011} ясная, по {001} и {013} неясная |
| Плотность | 6,5 — 7 г/см³ |
| Сингония | Тетрагональная |
Вулфенит — минерал, молибдати сурб. Формулааш Pb[MoO4]. Ба ифтихори минералшиноси австриягӣ Франс фон Вулфен (1728-1805) номгузорӣ шудааст. Аз 56 % ва 26 % молибден иборат аст. Дар таркибаш инчунин омехтаи CaO, CuO, MgO, WO3 , баъзан CrO3 V2 O5 дорад. Сингониаш тетрагонӣ. Бештар чун кристаллҳои тахтачашакли мураббаъ ё ҳирамшакли тез ё кунд дучор меояд. Рангаш зарди асалгун, хокистарӣ, қаҳваӣ, норинҷӣ, ва ҳатто сурх. Ҷилояш алмосӣ. Гусехташ миёна. Сахтиаш 3. Зичиаш 6500-7000 кг/ м3. Дар минтақаи фарсоиши конҳои сурб ба вуҷуд меояд. Одатан, ҳамроҳи калсит, лимонит, пироморфит ва надинит вомехурад. Дар конҳои захираҳояшон бузург манбаи сурб ва молибден аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҷанобилов М. Минералогия. Д., 2012.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вулфенит // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.