Jump to content

Вулф, Георгий Викторович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вулф, Георгий Викторович
Таърихи таваллуд 10 (22) июн 1863
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 25 декабр 1925(1925-12-25)[1] (62 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ булӯршиносӣ
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: doctor rerum naturalium[d]
Алма-матер

Гео́ргий (Ю́рий) Ви́кторович Вулф (22 июни 1863, Нежин, Русияи Подшоҳӣ — 25 декабри 1925, Маскав, ИҶШС) — кристаллшиноси шӯравӣ, узви вобастаи АИ ИҶШС (1921).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишгоҳи Варшава (1885), профессор донишгоҳҳои Қазон (1897), Варшава (1899) ва Маскав (1918).

Таҳқиқоти Георгий Вулф ба соҳаҳои кристаллография, кристаллофизика, кристаллооптика, таҳлили рентгеноструктурӣ, минералогия бахшида шудаанд. Соли 1895 Георгий Вулф ҳодисаи таъсири қувваи вазниниро ба шакли кристалл ҳангоми аз маҳлул ҳосил кардани он ошкор сохт, кристаллбандии даврзанандаро ихтироъ карда, усули ҳосил намудани кристаллҳои шаклашон дурустро ёфтааст. Георгий Вулф усули графикии аёнии коркарди натиҷаҳои андозагирии кристаллҳоро бо ёрии ҷадвали стереографӣ ихтироъ намуд ва ин усул ба номи ӯ гузошта шудааст. Георгий Вулф соли 1913 қонуни тафсири нурҳои рентгениеро, ки дар ҳамвориҳои атомии кристаллҳо инъикос меёбанд, ихтироъ ва новобаста ба У. Г. Брэгг формулаи таҳлили рентгеноструктуриро кашф кардааст.