Jump to content

Вулф Гинзбург

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вулф Гинзбург
Таърихи таваллуд 4 март 1904(1904-03-04)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 2 феврал 1969(1969-02-02) (64 сол)
Маҳалли даргузашт
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: Candidate of Biology Sciences[d][1] ва доктори илмҳои тиб[d][1]
Алма-матер
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурх Ордени Ситораи Сурх

Гинзбург Вулф Вениаминович (4 март 1904, Курск[d]2 феврал 1969, Санкт-Петербург) — қавмшиноси рус, доктори илми тиб (1945), професор (1949).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Институти давлатии тиббии Ленинград (1926). Баъди хатми институт духтури полки савора буд. Ассистенти кафедраи анатомияи эътидолии Институти тиббии Ленинград (1929—1937), аспиранти Институти этнографияи АИ ИҶШС (1931—1932). Аз соли 1938 дар шуъбаи антропологии Осорхонаи антропология ва этнографияи АИ ИҶШС кор карда, баъдан ба бахши антропологияи Шуъбаи ленинградии Институти этнографияи ИҶШС гузашта, то охири умр он ҷо фаъолият намудааст.

Вулф Гинзбург яке аз асосгузорони тибби этникӣ ва антропологияи шӯравӣ мебошад. Оид ба масоили антропология, анатомия (лимфология) ва таърихи он пажӯҳишҳои ҷолиб анҷом додааст. Солҳои 1932—1933 дар Қаротегин ва Дарвози Тоҷикистон таҳқиқоти антропологӣ доир намуд, ки асосан тамоюли тиббӣ дошт. Ӯ шароити иҷтимоию иқтисодии мардуми таҳҷоиро омӯхта, бештар ба тарзи бунёди иморатҳо аз нигоҳи беҳдоштӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Саҳми Вулф Гинзбург дар таҳқиқи бемориҳои хосси маҳал, аз ҷумла ҷоғар назаррас аст.

Вулф Гинзбург охири солҳои 50-и асри 20 дар асоси ҳафриёти А. Н. Бернштам оид ба этногенези мардуми Осиёи Марказӣ, роҷеъ ба тавсифи антропологии сакоиҳои Помири Ҷанубӣ таҳқиқот анҷом дод (андозагирии косахонаи сару тан, рушди ҷисмонӣ ва ғ.). Натиҷаи пажӯҳишҳо барои омӯзиши мансубиятҳои нажодии мардумони дигари Осиёи Марказӣ мусоидат намуданд. Бо орденҳои Байрақи Сурх, Ситораи Сурх ва медалҳо сарфароз гардидааст.

  • Физическое развитие горных таджиков//Проблемы Таджикистана. Д., 1933;
  • Изогемоагглютинация у горных таджиков//Антропол, 1934 № 1-2;
  • Кишлак и жилище горных таджиков//Советская этнография, 1936, № 3;
  • Материалы по половому созреванию и жизни горной таджички//Антропол, 1936, № 4;
  • Горные таджики. М., 1937; Древние и современные антропологические типы Средней Азии. Л., 1951;
  • Лимфатическая система нижней конечности человека. Л., 1959;
  • Элементы антропологии для медиков. Л., 1963.