Оташфишоншиносӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Вулқоншиносӣ)
Як оташфишоншинос дар ҳоли намунабардорӣ аз як гудоза бо истифода аз як чаккуши сангӣ ва як сатили об

Оташфишоншиносӣ (форсӣ: آتشفشان‌شناسی‎), вулканшиносӣ — илм дар бораи оташфишонҳо, сабабҳои пайдоишу инкишофи онҳо, сохт ва таркиби маҳсули оташфишонӣ (гудозаву газҳо ва ғайра), тағйирёбии амали онҳо, инчунин қонуниятҳои ҷойгиршавии онҳо дар сатҳи Замин.

Оташфишоншиносӣ сохт ва сохтори дохилии вулканҳо, морфология, пайдарҳамии ташаккул, каналҳои кашонанда, маҳсулоти вулканӣ ва вобастагии онҳо ба навъи оташфишониро таҳқиқ мекунад. оташфишоншиносӣ худи раванди оташфишонии вулканӣ, инчунин тарзҳои интиқоли маҳсулоти вулканӣ ва равандҳои пайдоиши онҳоро меомӯзад.

Вазифаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба вазифаҳои оташфишоншиносӣ дохил мешаванд: омӯзиши тамоми силсилаи магмавӣ аз манбаи ҳосилшавӣ то ба сатҳи Замин баромадани магма; хусусият ва тарзи таркишҳо; ҳаракати газҳо дар ин маврид; тарзҳои ҷойивазкунии селҳои гудоза ва ба таркиб, ҳарорат, часпакӣ, миқдори моддаҳои бухоршаванда вобаста будани ҳаракати онҳо. оташфишоншиносӣ ба сабабҳои оташфишонӣ, имконияти пешгӯии онҳо машғул мешавад. Илова бар ин оташфишоншиносӣ масъалаҳои умдатарин — сабабҳои пайдоиши манбаъҳои магма, манбаъҳои неру дар қишри Замин ва мантияи болоӣ (бо ёрии усулҳои геофизикавӣ омӯхта мешавад)-ро баррасӣ менамояд. Оташфишоншиносӣ бо тектоника ва геодинамика алоқаи зич дорад, чунки ҷойгиршавии вулканҳои оташфишон аз рӯйи мавқеи геодинамикии онҳо муайян карда мешавад.

Оташфишоншиносӣ бо илмҳои заминшиносӣ, геотектоника, геофизика, геокимиё ва петрография низ алоқаи мустаҳкам дорад. Ғайр аз оташфишоншиносии умумӣ оташфишоншиносии ноҳиявиро фарқ мекунанд, ки ноҳияҳои вулкании имрӯза, минтақаҳои вулканӣ, мавзеъҳои алоҳида, робитаи онҳо бо сохтори тектоникии ноҳия, мавқеи геодинамикӣ ва инкишофҳои навтарини тектоникиро баррасӣ менамояд.

Таърихи омӯзиш[вироиш | вироиши манбаъ]

Иттилооти аввалин оид ба оташфишоншиносӣ ба миёнаҳои ҳазорсолаи 1 то м. (Ҳераклит — садаи VI ва Арасту — садаи IV, Юнон; Страбон — садаи I ва Плинийи Хурд — асри 1, Рум) тааллуқ доранд. Страбон оташфишонии вулкани Каймен (Санторин, соли 196 то м. ба амал омадааст) ва Плинийи Хурд оташфишонии фалокатбори вулкани Везувийро (соли 79), ки худ шоҳиди он буд, шарҳ додааст. Омӯзиши пайвастаи вулканҳо дар пойгоҳҳои доимӣ сурат мегирад, ки аввалини онҳо соли 1842 дар нишебии вулкани Везувий сохта шуда буд. Соли 1911 расадхона дар назди вулкани Килауэа дар ҷазираҳои Гавай сохта шуд. Аз соли 1935 пойгоҳи оташфишоншиносӣ дар шаҳраки Ключи Камчатка кор мекунад. Шабакаи пойгоҳҳои оташфишоншиносӣ дар Ҷопон ва Индонезия фаъолият доранд. Дар Русия дар соҳаи оташфишоншиносӣ дар Институти вулканшиносӣ ва зилзиласанҷии АИ Русия дар Петропавловск-Камчатка, Институти геологияи конҳои маъдан, петрография, маъданшиносӣ ва геокимиёи АИ Русия дар Маскав, озмоишгоҳи вулканшиносии Институти таҳқиқоти илмии маҷмӯии Сахалин таҳқиқот бурда мешавад. Оид ба оташфишоншиносӣ дар институтҳои вулканшиносии Арманистон, Гурҷистон ва ғ. низ таҳқиқот анҷом медиҳанд. Дар ҷаҳон қариб 100 расадхона ва ин-т зери сарпарастии Созмони умумиҷаҳонии расадхонаҳои вулканшиносӣ (World Organization of Volcano Observatories, WOVO) муттаҳид карда шудаанд. Дар Институти Смитсони Вашингтон (ИМА) феҳристи умумиҷаҳонии вулканҳои оташфишон дар зарфи ҳазор соли охир бурда мешавад.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Горшков Г. С., Набоко С. И. Развитие русской вулканологии // Геология и геофизика, 1967; № 10;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007;
  • Sigurdsson H., Melting the earth the history of ideas on volcanic eruptions, № V, 1999.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]