Оташфишон
Оташфишон (форсӣ: آتشفشان), вулкон, вулқон, вулкан — кӯҳи оташфишони махрутшакл, ки ба воситаи танӯра ва тарқишҳои он аз қаъри Замин гудоза, хокистар, газҳои тафсон берун меоянд.
Пайдоиш
[вироиш | вироиши манбаъ]Оташфишонҳо якҷо бо пайдо шудани маҳсулоти оташфишонии моеъ, газмонанд ва сахт, ки то ҳароратҳои гуногун, баъзан то ҳарорати +1200°С тафсидаанд, рух медиҳад. Оташфишонии вулканӣ раванди такрорёбанда буда, ҳолати хомӯшии онҳо баъзан муддати хеле зиёд давом мекунад, ки дар ин муддат магма (тафта), гӯё ки «мепазад» ва вақте ки фишори магма ва газҳо аз меъёри мустаҳкамии ҷинсҳои кӯҳии дар боло хобида зиёд мешавад, оташфишонӣ оғоз меёбад. В. Б. Селезин се навъи асосии низоми дуҳолата (дуфазавӣ)-и ҷараёни «гудозаи магмавӣ — газ»-ро ҳангоми аз кафидагиҳои вулканӣ берун баромадан муайян кардааст: 1) ҳолати умумӣ — моеъ (гудоза), дисперсӣ — газ, ки дар ин ҳолат газ тез то ҳаҷми ҳубобчаҳо афзоиш ёфта, берун мебарояд; 2) ҳолати умумӣ — газ, ҳолати сахти ба газ табдилёфта; 3) кафки харобкунанда, ки ҳангоми он ҳар ду ҳолат муттасил давом мекунанд. Ҳамаи низомҳои асосии оташфишонии оташфишон аз рӯйи суръати аз кафидагиҳо берун баромадани магма, часпакии магма, миқдори ҷузъҳои бухоршаванда ва ҳалшавии онҳо, миқдори ҳубобчаҳои газ дар воҳиди ҳаҷми магма муайян карда мешаванд. Вобаста ба ҳарорат, таркиби магма ва гудозаи он тарзҳои зерини оташфишониро фарқ мекунанд: тарашшуҳӣ, ки ҳангоми онҳо гудоза ба сатҳи Замин дар шакли сел берун мебарояд; эксплозивӣ, ки ҳангоми онҳо таркиш бо партоби порчаҳои тафсидаи гудоза, ҷинсҳои нисбатан қадимии оташфишон, хокистар ва шикастпораҳои таркибашон гуногун рух медиҳад; экструзивӣ, ки ҳангоми онҳо тафтаи часпак ба сатҳи Замин дар намуди гунбад ё шикастпораҳо ба рӯйи танӯраи оташфишон фишурда бароварда мешавад.
Дар раванди оташфишонӣ хусусияти он метавонад дигар шавад. Мас., баъди таркиши фалокатовари оташфишони Мон-Пеле дар ҷазираи Мартиник (1902), ки шаҳри Сен-Перро нобуд кард, ҳолати экструзивӣ бо фишурда баровардани магма дар шакли сутуни баландиаш то 300 м сар шуд, ки баъд хароб гардид. Неруи оташфишонии оташфишон гуногун — аз хеле суст то ниҳоят сахт (оқибатҳои фалокатовар дорад) мешавад. Зилзилаҳои вулканӣ тағйир ёфтани таркиб ва хосияти газҳои фумаролӣ ва ғ. нишонаҳои пешакии оташфишонианд. Вобаста ба таносуби миқдори моддаҳои вулканӣ (газмонанд, моеъ ва сахт) оташфишониро ба 4 навъи асосӣ ҷудо мекунанд: гавайӣ, стромболӣ, гунбадӣ ва вулканӣ. Ба оташфишонии гавайӣ нисбатан оромона берун рехтани гудозаи моеъ (базалтӣ) хос буда, дар танӯра ва атрофи он кӯлу селҳои гудозавӣ пайдо мешаванд (Мауна-Лоа, Мауна Кеа дар ҷазираҳои Гавай). Оташфишонии стромболӣ аз таъсири газҳои зиёде рӯй медиҳад, кафидагиҳои хурд ва селҳои калони гудоза ба амал меоянд (оташфишони стромболӣ дар ҷазираҳои Линор). Барои оташфишонии гунбадӣ аз тазӣиқи пуршиддати газҳо фишурда шуда, ба воситаи канали оташфишон зада баромадани гудозаҳои ғализ ва ба худ шакли гунбадро гирифтани онҳо хос аст (оташфишонҳои Пюн-де-Дом ва Семячики Марказӣ дар Камчатка). Ҳангоми оташфишонии вулканӣ моддаҳои газмонанд боиси таркишҳо ва чун фаввора берун рехтани гудозаҳои бисёре мегарданд. (оташфишонҳои Вулкано, Авачинская Сопка ва Толбачик дар Камчатка). Аксари кӯҳҳои оташфишон (вулканӣ) аз ҷинсҳое таркиб ёфтаанд, ки дар вақти оташфишонӣ берун рехтаанд. Баландии оташфишонҳо ба якчанд км мерасад: Охес-дел-Саладо (6893), Люляйлко (6725), Сан-Педро (6159) дар Амрикои Ҷанубӣ, Калиманҷаро (5895) дар Африқо, Орисаба (5700) дар Амрикои Шимолӣ ва Марказӣ, Элбурс (5642) дар Аврупо, Ключевая Сопка (5000) дар Камчатка ва ғ. Дар ҷазираҳои Гавай баландии оташфишонҳо аз қаъри уқёнус қариб ба 8 км мерасад. Аксар вақтҳо ҳангоми оташфишонӣ девораҳои танӯраҳо гудохта шуда меафтанд ва пастхамиҳои азими (барашон то 15-30 км) ҷармонанд (калдераҳо) ба вуҷуд меоянд. оташфишонҳо оташфишон, хуфта ва хомӯш мешаванд. оташфишонҳои оташфишон мунтазам ё ҳар сари чанд вақт оташфишонӣ мекунанд. Инҳо инчунин оташфишонҳое мебошанд, ки дар бораи оташфишониашон маълумоти таърихӣ мавҷуд аст; ба ин гурӯҳ боз оташфишонҳое дохил мешаванд, ки аз оташфишонии онҳо хабаре нест, вале аз худ газ ё оби гарм мебароранд. оташфишонҳои хуфта, сарфи назар аз он ки дар бораи оташфишониашон маълумот нест, шакли худро нигоҳ доштаанд ва зеру атрофи онҳо зилзилаҳо рӯй медиҳанд. оташфишонҳои хомӯш хеле вайрону шуста шудаанд. Чунин мешуморанд, ки онҳо манбаи магмавӣ надоранд ва оташфишонӣ карда наметавонанд. Вале мисолҳое мавҷуданд, ки оташфишони хомӯшшуда ногаҳон оташфишонӣ кард. Мас., оташфишони Безимянний, ки дербоз хомӯшшуда мешумурданд, соли 1955 ба оташфишонӣ оғоз намуд. Оташфишониҳо дарозмуддат (аз якчанд сол то даҳҳо ва садҳо сол) ва кӯтоҳмуддат (якчанд соат) мешаванд.
Аксари оташфишонҳои калон сохти мураккаб доранд, яъне дар рафти оташфишониҳои зиёд ташаккул ёфтаанд. оташфишонҳои куҳна ё серқабат бештар вомехӯранд. Нишебиҳои онҳо дар натиҷаи селҳои пай дар ҳами гудоза, туфсанг, хокистар ташаккул ёфтаанд, ки аз натиҷаи оташфишониҳои пай дар ҳами тарашшуҳӣ ва эксплозивӣ ба вуҷуд омадани онҳо шаҳодат медиҳанд. Қуллаи чунин оташфишонҳои марказӣ як ё якчанд танӯра дошта, бо канали лӯлашакли доимӣ, ки ба воситаи он магма берун мерезад, интиҳо меёбад. Шакли нишебиҳо фурӯхамидаи ҳамвор аст (мас., оташфишони Ключевая Сопка дар Камчатка). Дар нишебиҳои оташфишонҳои куҳна метавонанд танӯраҳои иловагӣ ҷойгир бошанд, ки онҳоро шохаҳои канали асосӣ ба вуҷуд овардаанд. Сохти оташфишонҳои куҳна бисёр вақтҳо мураккаб аст, бахусус вақте ки як оташфишон дар дохили оташфишони қадимтар, ки онро таркиш вайрон кардааст, ҷойгир шудааст. Сохти оташфишони Везувий чунин аст, қисми ғарбии онро оташфишонии эксплозитивӣ дар соли 79 хароб карда буд. Дар пастхамии ҷармонанд (калдера)-и бавуҷудовардаи он дар натиҷаи 84 оташфишонии баъдӣ махрути нав — Везувийи ҳозира пайдо шудааст. оташфишонҳои якқабатаи марказӣ дар натиҷаи як оташфишонии тарашшӯҳӣ ё эксплозивӣ пайдо шудаанд ва мувофиқан аз гудоза, туфсанг, дажғолҳои вулканӣ ё дигар маҳсулоти оташфишонӣ иборатанд. Ин оташфишонҳо, одатан, аз ҷиҳати ҳаҷм нисбат ба оташфишонҳои куҳна хурдтар буда, бисёр вақтҳо гурӯҳ-гурӯҳ ҷойгир мешаванд.
Оташфишонҳои калони сипаршаклро гудозаҳои базалтӣ, ки дар намуди селҳои тунук ҳам аз танӯра ва ҳам аз тарқишҳо ҷорӣ мешаванд, ба вуҷуд овардаанд. Нишебиҳои оташфишони марказии сипаршакл хеле моил (7-80) буда, дар гунбади он танӯраи азим бо девораҳои ҷармонанд ҷойгир аст, ки дар дохили он кӯли гудоза мавҷуд мебошад ва аз он ҳар сари чанд вақт селҳои тунуки гудозаи базалтӣ ҷорӣ мешаванд. Гудозаҳои базалтии аз кафидаҳои вулканӣ берунрехта низ пӯшишҳои азими базалтӣ (мас., дар Исландия) ба вуҷуд меоваранд. оташфишонҳои имрӯза қад-қади кӯҳҳои ҷавон ё кафидаҳои азими қишри Замин, дар ноҳияҳои аз ҷиҳати тектоникӣ серҳаракат воқеъ гаштаанд. Минтақаҳои асосии оташфишонҳои оташфишон: Амрикои Ҷанубӣ, Амрикои Марказӣ, Ява, Меланерия, ҷазираҳои Ҷопон, Курил, Гавай, Алеут, Аляска, Исландия, уқёнуси Атлантик, уқёнуси Ором. Аз се ду ҳиссаи оташфишонҳо дар ҷазираю соҳилҳои уқёнуси Ором (минтақаи вулкании уқёнуси Ором) ҷой гирифтаанд. Аз ҷиҳати шумораи оташфишонҳои оташфишон ноҳияи уқёнуси Атлантик ҷойи дуюмро ишғол мекунад. Дар Русия оташфишонҳои оташфишон дар Камчатка (28) ва ҷазираҳои Курил (39) мавҷуданд. Дар натиҷаи оташфишониҳо дар хушкӣ шаклҳои махрутшакли релйеф, дар уқёнусҳо ҷазираҳои калон пайдо мешаванд (ҷазираҳои Гавай, Вознесения, Суртсей ва ғайра). оташфишонҳо ҳангоми оташфишонӣ садои баланд мебароранд. Мас., ҳангоми оташфишонии оташфишони Кракатау дар Индонезия соли 1883 баландтарин садо дар таърих ба қайд гирифта шуд. Садои ин оташфишон дар масофаи бештар аз 4800 км аз манбаи он шунида шуд. Дар натиҷаи ин оташфишон 36000 кас ҳалок гардид, 165 деҳа нобуд ва 132 деҳа хароб шуд. оташфишони Везувий, ки 1,2 км аз с. б. ҷойгир аст, фаъолтарин оташфишон дар замони ҳозира мебошад. Соли 79 шаҳрҳои Руми Қадим Геркулонум ва Помпей ва баъд бисёр шаҳрҳо дар зери хокистари вулкани Везувий мондаанд. оташфишонро илми вулканшиносӣ меомӯзад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тазиев Г. Вулканы. М., 1963; Володавец оташфишон И., Вулканы Земли. М., 1975;
- Макдоналд Г. Вулканы. М., 1975; Энсиклопедияи советии тоҷик.Ҷ. 1 Д., 1978;
- Кравчук П. А. Рекорды природы. Л., 1993; Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вулкан // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.