Вуқӯъии Исфаҳонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вуқӯъии Исфаҳонӣ
Навъи фаъолият: шоир

Вуқӯъии Исфаҳонӣ (форсӣ: وقوعي اصفهاني‎) — шоири эронӣ.

Дар шеъру шоирӣ шогирди шоири маъруф Замирии Исфаҳонӣ будааст. Дар тазкираҳо аз осораш намунаҳо сабт гардидаанд. Ашъори зерин аз ӯст:

Гулханнишини ҳаҷр чӣ донад, ки васл чист,
Оташпарастро пари Ҷибрил ҳезум аст.
***
Гуфтам зи дарат равам, мурувват нагузошт
В-он гармии илтифоту улфат нагузошт.
Инҳо ҳама узр аст, чӣ пинҳон аз ту,
Қурбони сарат шавам, муҳаббат нагузошт.
 

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • مطربئ سمرقندي. تدْكرةالشعراء. تهران 1377 ش.ر

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]