Jump to content

Вуқӯъии Нишопурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вуқӯъии Нишопурӣ
Навъи фаъолият: шоир

Вуқӯъии Нишопурӣ (форсӣ: وقوعئ نيشاپوری‎; ? — 1594) — шоири форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Улуми мутадовила ва хушнависиро дар зодгоҳаш Нишопур омӯхтааст. Пас аз касби камол ба Ҳиндустон рафта, ба дарбори Ҷалолуддин Акбар (ҳукмронӣ 1556–1605) роҳ ёфт. Муддате дар дарбори Абдурраҳими Хони Хонон (Раҳимӣ) хидмат кардааст. Дар аксари манобеи адабӣ чун шоири моҳиру тавоно, соҳиби истеъдоди баланд тавсиф шудааст. Аз девонаш иттилое нест, вале дар тазкираҳо намунаҳои бисёре аз ӯ (дар навъҳои қасида, ғазал, рубоӣ) сабт гардидаанд. Яке аз намояндагони маъруфи мактаби вуқӯъ (вуқӯъгӯйӣ – тасвири реалистӣ) буда, гароиши ӯро ба ин ҷараёни адабӣ ба ду омил метавон вобаста донист: аввалан, зиндагии ӯ ба давраи таназзули сабки ироқӣ ва комилан ташаккул наёфтани сабки ҳиндӣ мувофиқ омадааст; дуввум ба таърихнависӣ машғул буд, ки вуқӯъгӯйиро талаб мекард. Дар сода кардани шеъри форсӣ ва ба воқеияти зиндагӣ наздик кардани он ҳисса гузоштааст. Ин ҷиҳат сабаби он гардидааст, ки муаллифони баъзе манбаъҳо, мас., «Мунтахабу-т-таворих» (Бадоунӣ) ӯро ба илҳод муттаҳам карда, пайрави таносухаш хондаанд. Аз Вуқӯъии Нишопурӣ «Маҷомеъу-л-ахбор» (таълифаш 1590) ном асари таърихӣ ба мерос мондааст, ки нусхае аз он дар китобхонаи Девони Ҳинд – Индиа-Офис (№ 119) нигаҳдорӣ мешавад.

Намунаҳои ашъор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Намунаҳо аз шеъри Вуқӯъии Нишопурӣ:

Хӯйи ту, ки дар ситеза тақсир накард,
Дар куштанам андешаи тақдир накард.
Он нола, ки аз санг баровард фиғон,
Фарёд, ки бар дили ту таъсир накард!
***
Ман офиятҷӯ нестам, ё Раб, насиби ман бикун,
Дарде, ки он дар дил маро уммеди дармон нашканад!
Қурбон шавам он чашмро, к-аз ноз сӯям бингарад,
То дар дилам сад орзу пайдову пинҳон нашканад!

  • علا می دهلوی. شيخ ابو الفضل بن مبارک گوری. آ يين اکبری. کانپور، هند،1312هـ. ق.؛
  • صفا ذبيح الله. تأ ريخ اد بيا ت در ايران. جلد. 5. بخش 3، تهران، 1366 هـ. ش.؛
  • گلچين معا نی احمد. کا روان هند. مشهد، 1369 هـ. ش.؛
  • همان. مکتب و قوع در شعر فارسی. مشهد، 1374 هـ. ش.؛
  • عبد البا قی نها وندی. معا صر رحيمی. جلد 3. کتاب 1. کلکته، 1931؛
  • دانشنا مۀ ادب فار سی. ادب فارسی در شبه قاره (هند، پاکثتان، بنگلدیش).جلد چهارم، بخش 3، تهران، 1380 هـ.ش.ر