Вуқӯъии Табрезӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вуқӯъии Табрезӣ
Навъи фаъолият: шоир

Вуқӯъии Табрезӣ (форсӣ: وقوعی تبریزی‎) — шоири эронӣ (асри 16).

ЗИндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Табрез ба воя расида, барои талаби илм ва беҳбуди рӯзгор ба Бағдод рафтааст. Вуқӯъии Табрезӣ дар Бағдод бо аҳли илму фазл ҳамнишин будааст. Ӯ ба Исфаҳон баргашта, дар дарбори Шоҳ Аббос ба хидмат мепардозад ва яке аз мулозимони содиқи шоҳ мегардад. Қариб дар тамоми анвои шеър қувва озмуда, ба ашъори шоирони гузашта ва ҳамзамононаш пайравӣ кардааст. Намунае аз ашъори Вуқӯъии Табрезӣ:

Ба базмаш чанд қурби муддаӣ хунам ба ҷӯш орад,
Ҳаё гар донадам хомӯшу ғайрат дар хурӯш орад.
Зи манъи шиква саргардон масоз имшаб ба фарёдам,
Ки як нолидани ман оламеро дар хурӯш орад.
Висолаш гоҳ таскинам диҳад, гаҳ музтариб созад,
Барад ҳам ҳушам ин ратли гарону ҳам ба ҳуш орад.
Сухан аз диданат бе дасту по дорад Вуқӯиро,
Расад ҷон бар лабаш, то аз лабат ҳарфе ба гӯш орад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • رصا قلئ خان هدایت. ریاض العارفین. تهران 1316 هـ.ش.ر

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]