Вюрсит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вюрсит
Вюртцит
Формула Сульфид цинка ZnS
Физические свойства
Цвет от почти бесцветного до буро-черного
Цвет черты от светло-коричневой до красновато-бурой
Блеск смолистый, жирный, на спайностях сильно стеклянный
Прозрачность прозрачный или просвечивает
Твёрдость 3,5-4
Спайность отчетливая по , менее ясная по
Плотность 4.03 г/см³
Сингония Гексагональная сингония, L66P

Вюрсит — минерал (ZnS), ба шарафи кимиёшиноси фаронсавӣ Шарл Адолф Вюрст номгузорӣ шудааст.

Навъи мангандор ва сурхаш эритротсинкит (Zn, Mn)S ном дорад. Таркибаш ба сфарелит монанд аст, вале бештар кадмиум дорад. Агар миқдори кадмиум то ба 77 % расад, ба гринокит Cds мегузарад. Сохтори кристаллбандиаш гексагонӣ. Кристаллҳояш лифнамуд ва варақаӣ, баъзан қабат-қабати тунук. Кристаллҳои камёбаш шакли маншурҳои кӯтоҳ ва аҳромро дорад. Рангаш вобаста ба миқдори оҳан аз ҷигарӣ то сиёҳ, ранги вюрсити аз кадмиум ғанӣ люминиссенсияи зарди норанҷӣ мешавад. Баъзе кристаллҳояш шаффоф. Сахтиаш 3,5-4; ҷилояш самғию шишаӣ, алмосӣ (гринокит). Вазни хоссаш 4,0-4,1. Кристаллҳои вюрсит дар конҳои Орурои Боливия, Кастровиррейни Перу, Бютти ИМА ба миқдори зиёд дучор меояд. Дар конҳои Кен-Шаники Қазоқистон, Тарини Ёқутистон, Пршибрами Чехия, Ҷиҷикрӯд ва Гӯрдараи водии Зарафшон вомехӯранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Фербери Г. вюрсит Структурная петрология, деформированных горных пород (тарҷ. аз англисӣ). М., 1949;
  • Геологический словарь. Т. 1. М., 1983;
  • Ҷанобилов М. Минералогия. Д., 2011.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]