Jump to content

Вятичҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вятичҳо
Нигора
Забони модарӣ Old East Slavic[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Вятичҳо — иттиҳоди қабилавии славянҳои шарқӣ, ки дар ҳавзаи дарёҳои Ока ва Маскав сокин буданд.

Машғулияти асосии вятичҳо кишоварзӣ, чорводорӣ ва шикор буда, то асрҳои 10–11 тарзи зиндагии қабилавӣ до-штанд. Ба қавли Гардезӣ, вятичҳо дар ҳамсосягии хазарҳо ва буртосҳо тобистон дар ҳисорҳо ва зимистон байни ҷангалзор зиста, рамаҳои чорво доштанд. Вятичҳо ба зироаткорӣ низ машғул шуда, аз ангубин шароб тайёр мекар-данд. Пешвоёни вятичҳо тоҷ бар сар намекарданд ва моҳе се рӯз дар шаҳри марказии онҳо Ҷароват (Вантит) бозор доир мешуд. Силоҳи асосии вятичҳо зӯбин, сипар ва найза буд. Кафши вятичҳо ба мӯзаҳои мардуми Табаристон монандӣ дошт. Вятичҳо дар асрҳои 9–10 ба хазарҳо боҷ месупориданд. Гарчи заминҳои вятичҳо аз ҷониби князи Киев Святослав Игоревич истило шуданд (964–965), соҳибихтиёрии худро то соли 984 ҳифз карданд. Вятичҳо нисбат ба дигар қаби-лаҳои славянҳои шарқӣ муддати зиёде урфу одат ва эътиқодҳои қадимии худро ҳифз кардаанд. Дар садаи XII сарзамини вятичҳо дар байни князҳои Ростов-Суздал, Рязан ва Черниговск тақсим карда шуд. Дар солномаҳои таърихӣ бори охирин дар садаи XII аз вятичҳо ёд шудааст.