Габар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Габар (форсӣ: گبر‎), габарсанг — як навъи санги сиёҳтоб ва нарм, ки барои тарошидану сохтани дег, табақ, коса ва ашёи дигари рӯзгор истифода мешуд.

Ба қавли ҷуғрофиёнависон Истахрӣ ва Ибни Ҳавқал кони габар дар мавзеи Нишопур вуҷуд дошт. Намунаи ашёи санги габар дар миёни бозёфтҳои бостоншиносии Ҳулбук, Ҳаловард, Леваканд, Шумон, Бунҷикат ва Карон ёфт шудааст. Ахиран зимни ҳафриёти бостоншиносӣ аз ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ашёе аз қабили пилтачароғ, дегча ва пораи дег дарёфт шуд, ки аз санги габар тарошида шудаанд.

З-ин биёбон басе туро беҳтар
Хонаву оби сарду деги габар.

Саноӣ

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ. 1. Д., 1969;
  • دانشنامه دانش گستر. جلد 14. تهران،1389 ش.ر

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]