Jump to content

Габбро

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гáббро
Gabbro
Gabbro
Минералы плагиоклаз, пироксен, примеси
Физические свойства
Цвет тёмный, пёстрый
Плотность ~ 3-6 г/см³
Электропроводность нет
Температура плавления 1250 °C

Гáббро (итол. gabbro) — ҷинси кӯҳии магмавӣ.

Дар умқи Замин дар натиҷаи оҳиста-оҳиста хунук шудани магма ҳосил мешавад. Таркибаш аз плагиоклази асосӣ (лабрадор, битовит), минералҳои ранга (пироксен), баъзан оливин ва амфибол ва миқдори ками минералҳои маъданӣ иборат аст. Габбро вобаста ба таркиби минералӣ чанд навъ мешавад: норит, троктолит, анортозит, габбродиорит, лабрадорит. Навъҳои пирокину оливиндори онро габброи оливиндор ва дорои 85-90 % плагиоклазро плагиоклазит меноманд. Рангаш сиёҳ, сабзи тира, баъзан ало мешавад. Дар табиат ба шакли шток, лаколит, дайка вомехӯрад. Конҳои габбро дар Британияи Кабир, Амрикои Шимолӣ, соҳилҳои нимҷазираи Лабрадор (Канада), Фаронса, Шотландия ва Украина кашф шудааст. Дар Тоҷикистон габбро дар қаторкӯҳи Ҳисор ва кӯҳҳои Помир мавҷуд аст. Габброро бештар барои ҳайкалтарошӣ, бинокорӣ ва рӯйкаши деворҳо истифода мебаранд.

  • Костов И. Минералогия. М., 1971;
  • Геологический словарь. Ч. 1. М., 1983;
  • Ҷанобилов М. Минералогия. Д., 2011.