Габр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Габр (qabr, qawr), маҷус, порс — истилоҳест дар забони форсии миёна, ки эҳтимолан аз калимаи оромии GBR /qabraa сохта шуда, дар аҳди Сосониён ба маънои «мард» ҳамчун ишора ба деҳқонони озоди минтақаи Мовароуннаҳр истифода мегардид. Он дар аҳди аввали ислом тағйири маъно карда, нисбат ба пайравони ойини зардуштӣ мавриди истифода қарор гирифт. Габр дар марҳалаҳои гуногун дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ (монанди «Шоҳнома», «Таърихи Балъамӣ», девони Саноӣ ва ғайра) тавассути андешамандон ҳамчун муродифи «муғ» ё ба мазмуни азбайнрафтаи «оташпараст» маънидод шудааст.

Барои муайян намудани маънои истилоҳии габр забоншиносон пешниҳодҳои дигаре низ ироа намудаанд, вале онҳо ҳанӯз мақбули умум нагардидаанд. Мас., баъзе олимон решаи GBR — mwq/mard-moq («муғ‒мард»)-ро пешниҳод кардаанд, зеро GBR/qabraa воситаи идеографии забони паҳлавӣ буда, дар забони гуфтугӯӣ танҳо «mard» талаффуз мешавад.

Пешниҳоди дигарро Иброҳими Пурдовуд ироа намудааст, ки он ба ҳақиқат наздиктар аст. Ӯ мегӯяд, ки габр талаффузи нодурусти калимаи арабии «кофир» буда, арабҳо дар аҳди аввали ислом зардуштиёнро габр, яъне «кофир» меномиданд, вале ба назар намерасад, ки арабҳо намояндагони дини ваҳёнии зардуштиро «кофир» эълон карда бошанд. Дар аҳди Сосониён бахше аз ҷомеаи зардуштии маскун дар Мовароуннаҳрро габр меномиданд. Баъди истилои араб зардуштиёне, ки дини исломро қабул карданд, дар аҳди аввали ислом ҳамватанони зардуштии худро габр меномиданд. Ин расм баъдтар дар саросари кишвар густариш ёфт ва оҳанги таҳқиромез низ касб кард.

Баъзан курдҳову туркҳоро низ арабҳо габр меномиданд. Габр ва «габракӣ» ба маънои пайравони ойини зардуштӣ дар матнҳои таърихию адабӣ низ ба таври васеъ истифода шудааст. Зардуштиён бештар дар Язду Кирмон зиндагӣ мекарданд. Дар оғози аҳди ислом зардуштиёни Эрон, яъне габр-ҳо ба Ҳиндустон ҳиҷрат намудаанд ва дар он ҷо бо номи «порсҳо» машҳуранд.

Габр дар адабиёти форс-тоҷик фаровон истифода шудааст: Чунончи, Унсурӣ дар мадҳи султон Маҳмуд гуфтааст:

Чунин ки дидам, ойини ту қавитар буд,
Ба давлат андар ойини Хусрави Баҳман.
Ту марди диниву ин расм расми габрон аст,
Раво надорӣ бар расми габракон рафтан.

Дар ин ҷо мурод ҷашни Сада аст, ки Маҳмуди Сабуктегини туркнажод онро бузург медошт, аммо шоири дарборӣ онро «расми габракон» дониста, накӯҳиш кардааст. Саъдӣ дар «Гулистон» гуфтааст:

Ай кариме, ки аз хизонаи ғайб
Габру тарсо вазифахӯр дорӣ.
Дӯстонро куҷо кунӣ маҳрум,
Ту, ки бо душманон назар дорӣ?!

Низомӣ гуфтааст:

Ҳамон габрон, ки бар оташ нишастанд,
Зи ишқи офтоб оташ парастанд.

Аттор гуфтааст:

Мусулмонон, ман он габрам, ки динро хор медорам,
Мусулмонам ҳамехонанду ман зуннор медорам.

Мавлавӣ гӯяд:

Гар муяссар кардани ҳақ раҳ будӣ,
Ҳар ҷуҳуду габр аз ӯ огаҳ шудӣ.

Ҳамчунин Мавлавӣ дар «Фиҳи мо фиҳи» гуфтааст: «Аммо маҳаббат дар ҳаққи Борӣ дар ҳама оламу халоиқ аз габру ҷуҳуду тарсо ва ҷумлаи мавҷудот комин аст».

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Encyclopaedia lranika. «Gabr». Vol. x/з. Tehran, 2001;
  • دهخدا علی اکبر. لغت نامه. جلد ۱۲. تهران،١٣٧٧ هـ. ش.ر

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]