Jump to content

Гавгамел

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Гавгамел
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё

Гавгамел — маҳалли таърихие воқеъ дар миёни Арбил ва Мавсил (Ироқи кунунӣ), ки 1 октябри соли 331 то м. он ҷо миёни Искандар ва Дорои III муҳорабаи бузург шуда буд (маънии калимаи «гавгамел» «хонаи шутур» аст).

Дар муҳорибаи Гавгамел лашкари форсҳо аз 60-80 ҳазор сарбози пиёда, тақр. 15 ҳазор савора, 200 гардунаи ҷангӣ, 15 фили ҷангӣ ва лашкари мақдуниҳо аз 40 ҳазор ҷанговари пиёда ва 7 ҳазор савора иборат буданд. Форсҳо ба ду паҳлу (маймана ва майсара)-и лашкари Искандар ҳамла карда, аз самти чап то урдугоҳи он расиданд, вале аз ҷониби хатти дуюми ҷанговарони пиёдаи мақдунӣ боздошта шуданд. Искандар қувваҳояшро дар қисмати миёна ва паҳлуи рост ҷамъ карда, бо ҷанговарони савора ба паҳлуи чап (майсара)-и лашкари форсҳо ҳамла кард ва пас аз шикаст додани он ба ақибгоҳи паҳлуи рости лашкари форсҳо баромад. Аз ин ҳолат Дорои III ва артиши ӯ ба таҳлука афтода, рӯ ба фирор оварданд. Ҷанговарони савораи мақдунӣ артиши форсҳоро то фосилаи 50 км таъқиб намуда, Арбилро забт карданд. Дар натиҷаи ин муҳориба аз артиши Дорои III тақр. 30 ҳазор нафар ва аз ҷанговари мақдунӣ 1200 нафар кушта шуда, оғози барҳам хӯрдани империяи бузурги Ҳахоманишиён гардид.

  • Фаррох К. Персы. Армия великих царей. М., 2009.