Гавҳар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
White pearl necklace
Uwakoya3

Гавҳар (форсӣ: گوھر‎), марворид, дур — моддаи оҳакии лундашакл, ки дар ҷавф (ковокӣ)-и садаф (баъзе намудҳои моллюскҳо)-и баҳр ё дарё пайдо мешавад. Баъзан ба ҷавфи ин ҷонварон паразит, регреза ва ғ. ворид мегардад ва тадриҷан онҳоро пардаи садаф печонда гавҳар-ро ба вуҷуд меорад. Рангаш ҷилодори сафед, гулобӣ, зардча, баъзан сиёҳ. Андозааш аз зарраҳои микроскопӣ то андозаи тухми кабӯтар мешавад. Гавҳари калони лунда ва дурустқолаб гаронбаҳост. Одатан, андозаи гавҳар аз нахӯд калонтар мешавад. Гавҳар-ҳои андозаашон хурдро марворид, сурхтоби нисбатан калонашро дурр меноманд. Гавҳар-ро аз баҳри Сурх ва халиҷи Форс, соҳилҳои Шри-Ланка, Австралия, Ҷопон ва Венесуэла ба даст меоранд. Дар замонҳои қадим аз дарёҳои Руссия, Шотландия, Олмон, Хитой ва мамлакатҳои Амрикои Шимолӣ низ гавҳар мегирифтанд. Гавҳар дар Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон ва мамлакатҳои дигари Шарқ аз қадимулайём (чанд аср пеш аз м.) маъмул буд. Гавҳар-ро дар маснуоти заргарӣ (шадда, ҳалқа (гӯшвор), ангуштарин, қуббаи сари сина) васеъ истифода мебаранд. Дар тибби қадим гавҳар-ро барои муолиҷаи баъзе бемориҳо дар таркиби давоҳои гуногун аз ҷумла, доруи чашм (сурмаи сулаймонӣ) низ ба кор мебурданд. Бинобар афзудани талабот ба гавҳар дар асри 20 ба таври сунъӣ ҳосил кардани он (махсусан дар Ҷопон) авҷ гирифт. Ба ин мақсад ба ҷавфи моллюскҳои баҳрӣ саққочаҳои садаф мегузоранд, ки аз онҳо дар муддати муайян гавҳар ҳосил мешавад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]