Гавҳари мурод
«Гавҳари мурод» (форсӣ: گوهر مراد) — муҳимтарин асари Абдурраззоқи Лоҳиҷӣ. Ба забони форсӣ дар усули дин, ҳикмат ва маорифи исломӣ таълиф шудааст.
Аз се боб ва ҳар боб аз чандин фасл иборат мебошад. Дар муқаддимаи «Гавҳари мурод» мақсади таълифи китоб чунин баён шудааст: «Ҳар гоҳ гарду ғубор нишаст ва ҳаво соф шуд, он чӣ диданист, инсон мушоҳида мекунад. Вуҷуди мумкинот дар олами анфусӣ ҳамон гарду ғуборест, ки дар натиҷаи офариниш бархоста ва фазои андешаи инсонро барои дарки ҳақиқати азалӣ ғуборолуд кардааст. То ин гарду ғубор нанишинад, ғайри гард дида нахоҳад шуд».
Дар «Гавҳари мурод» масъалаҳои маърифатӣ, донишҳои марбут ба худшиносӣ, маодшиносӣ, худошиносӣ ва маърифати ирфонӣ ҳамчун масоили муҳимми ҳикмати мутаолиҳа, ки хосси мактаби фалсафии Исфаҳон мебошад, мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар ин асар муаллиф назари худро дар бораи нубувват иброз дошта, онро ба камоли идроки инсонӣ вобаста медонад. Масъалаи дигаре, ки дар «Гавҳари мурод» мавриди таҳқиқи муаллиф қарор гирифтааст, камоли қувваи мутахайила аст. Абдурраззоқи Лоҳиҷӣ муътақид аст, ки шахси пайғамбар аз тариқи хаёл бо олами офоқӣ иттисол пайдо мекунад, аммо бархе аз ҳукамо бо ақли фаъол бо олами ғайб иттисол пайдо намуда, ҳақоиқро мушоҳида менамоянд. Форобӣ низ дар вақташ чунин ақида баён карда, мавриди интиқоди мутакаллимон қарор гирифта буд, зеро ба фикри онҳо, Форобӣ гӯё ҳакимро аз пайғамбар афзал шуморидааст. Абдурраззоқи Лоҳиҷӣ дар «Гавҳари мурод» қайд кардааст, ки ин ишкол дар сурате ба суханони Форобӣ ворид мешавад, ки хаёл аз итоати ақл берун равад, вале дар мавриди пайғамбарон чунин нахоҳад буд ва хаёли пайғамбарон мутеи ақли онҳост.
Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки дар «Гавҳари мурод» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, олами мисол буда, суннати он то ба ҳикмати зардуштӣ мерасад ва Шиҳобуддини Суҳравардӣ онро дар ҳикмати исломӣ эҳё намуда буд. Абдурраззоқи Лоҳиҷӣ дар «Гавҳари мурод» ба собиқаи ин масъала дахл карда, ёдовар мешавад, ки дар мулки Аҷам ниёгони мо, ба мисли Кайхусрав ва дигар намояндагони ҳикмати хусравонӣ, қоил ба вуҷуди олами мисол (мусул) буданд. Ин олами вусто (барзах) ҳалқаи робита байни олами моддӣ ва муҷаррад ба шумор меравад.
«Гавҳари мурод» шомили як силсила масоили дигари фалсафию ирфонӣ, аз қабили асолати моҳият ва вуҷуд, сайри чаҳоргонаи сулуки суфиён, зоту сифоти Ҳақ ва дигар масъалаҳои марбут ба онҳо низ мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- سید جلال الدین آشتیانی. منتخباتی از آثار حکمای الهی ایران از عصر میرداماد میرفاندرسکی تا زمان حاضر. قسمت اول. تهران، ۱۹۷۲؛
- لاهیجی عبد الرزاق. گوهر مراد. بامبی، ۱۳۰۱هـ
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гавҳари мурод / М. Ҳазратқулов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.