Jump to content

Гавҳархотун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гавҳархотун
Таърихи таваллуд асри XI
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт асри XII
Кишвар
Пеша сиёсатмадор
Падар Malik-Shah I[d]
Модар Zübeyde Hatun[d]
Ҳамсар Mas'ud III of Ghazna[d]
Фарзанд Баҳромшоҳи Ғазнавӣ ва Arslan-Shah of Ghazna[d]

Гавҳархотун (форсӣ: گوهرخاتون‎; асри XI, Исфаҳонасри XII) — яке аз шахсиятҳои фарҳангпарвари замони Салҷуқиён, духтари султон Масъуд ибни Муҳаммад (ҳукмронӣ: 1133—1152).

Гавҳархотун дар давраи ҳукмронии падараш ба корҳои дохилии мамлакат ва девони давлат дахолат мекард. Вазирони бузург Абулқосими Даргузинӣ ва Камолуддини Сумайрамӣ дар девони Гавҳархотун фаъолият карда, шуҳрат пайдо карданд. Султон Масъуд барои пахш кардани фитнаи тахтхоҳонаи Довуд ибни Муҳаммад Гавҳархотунро ба ақди никоҳи рақибаш дароварда, идораи мулкҳои Озарбойҷон, Аррон ва Арманистонро ба ӯ вогузор кард. Гавҳархотун баъди вафоти шавҳараш Довуд ибни Муҳаммад (1138) бо ҳокими Форс Муҳаммад ибни Маҳмуд издивоҷ кард. Абутоҳири Хотунӣ (фавт 1138) — дабир ва шоири аҳди Салҷуқиён роҳбар ва муставфии дарбори Гавҳархотун буда, нисбааш аз номи ӯст.

  • محمد حسن رجبی. مشاهیر زنان ایرانی از آغاز تا مشروطه. تهران، ۱۳۷۴ ش.؛
  • دانشنامه دانش گستر. جلد 14. تهران، ۱۳۸۹ ش.ر