Jump to content

Гагаузҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гагаузҳо
Номи қавмии ҳозира гаг. Gagauzlar
Шумора
Сукунат
Забон гагаузӣ
Дин масеҳият ва масеҳияти православӣ[2]
Ҷузъе аз Туркҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гагаузҳо (гаг. Gagauzlar) — мардуми туркнажод, ки аксаран дар Молдова, Украина, Русия ва қисман дар Узбакистон, Туркманистон, Гурҷистон, Белорус, Булғористон, Руминия, Юнон, Латвия, Эстония, Конодо ва Бразилия умр ба сар мебаранд.

Теъдоди умумии гагаузҳо 250 ҳазор буда (дар ибтидои садаи XXI), аз ин миқдор 147,7 ҳазор дар Молдавия, 32 ҳазор дар Украина ва 12 ҳазор дар Русия зиндагӣ мекунанд. Забонашон гагаузӣ, яке аз шохаҳои ҷанубу ғарбии (оғузӣ) зергурӯҳи туркии оилаи забони олтойӣ мебошад. Хатташон аз соли 1957 кириллӣ ва ҳоло лотиниасос (аз соли 1993) аст. Аксарияташон пайрави равияи православии дини масеҳӣ мебошанд. Дар мавриди ташаккули гагаузҳо якчанд фарзия мавҷуд аст: 1. Ниёгони гагаузҳо туркҳои бодиянишин (оғузҳо, печенегҳо ва половесҳо) буданд, ки дар асрҳои 10-13 аз соҳилҳои шимолии баҳри Сиёҳ ба Балкан кӯчида, мазҳаби православӣ ва фарҳанги қабилаҳои славяниро қабул карданд. 2. Мувофиқи фарзияи таърихнигорони аврупоӣ гагаузҳо қабилаҳои туркзабон буда, соли 670 аз Поволже ба Балкан муҳоҷират ва дини масеҳиро қабул карданд. 3. Мувофиқи назарияи «салҷуқӣ» (дар Туркия маъмул аст) гузаштагони гагаузҳо туркони Осиёи Хурд буданд, ки бо роҳбарии султон Иззуддин Кайковус (1211-20) ба Добруҷа рафтанд. Дар ҷангҳои русу туркии охири садаи XVIII ва ибтидои садаи XX гагаузҳо-и масеҳӣ Русияро пуштибонӣ карда, ба ҷануби Бессарабия кӯчиданд. Як қисми гагаузҳо дар замони ислоҳоти А. П. Столипин ба Қазоқистон кӯчонида шуданд (солҳои 1912-14). Дар солҳои коллективонии хоҷагии деҳот як қисми гагаузҳо ба Ӯзбекистон муҳоҷир карда шуданд. Аз охири солҳои 80 садаи XX дар байни гагаузҳо ҳаракатҳои худшиносӣ ва эҳёи фарҳанги миллӣ оғоз шуд: дар ҳайати ҶШС Молдавия Ҷумҳурии Гагаузия (ноябри 1989) ташкил ёфт; соли 1994 Гагаузия дар ҳайати Молдавия мухторият ба даст овард ва забони гагаузӣ дар баробари забонҳои молдавӣ ва русӣ расмият ёфт. Машғулияти асосии гагаузҳо чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва ангурпарварӣ мебошад. Қолинбофӣ яке аз ҳунарҳои маъмулии гагаузҳо маҳсуб мешавад. гагаузҳо дорои фолклори ғанӣ мебошанд.

  • Народы Европейской части СССР. Т. 2. М., 1964;
  • Квилинкова Е. А. Гагаузы Молдовы и Болгарии. Кишинёв, 2005.