Jump to content

Гаждаҳам

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гаждаҳам
Ишорашуда дар китоби Шоҳнома

Гаждаҳам (форсӣ: گژدهم‎; дар баъзе нусхаҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Каждаҳам омадааст) — яке аз ашхоси «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, паҳлавон, диждор. Дар «Шоҳнома» номи ӯ бори аввал дар замони подшоҳии Нӯзар омадааст. Афросиёб ба Эрон ҳуҷум мекунад. Барои ба ҷойи амн бурдани занҳову фарзандони шоҳ Қоран мутасаддӣ мешавад, диждор Гаждаҳам мебошад:

Бад-ин рӯй диждор буд Каждаҳам,
Далерони бедор бо ӯ ба ҳам.

Замони ҳуҷуми Суҳроб ба Эрон Гаждаҳам диждори Дижи Сапед аст. Духтараш — Гурдофарид ба набарди Суҳроб меравад, вале ба зӯри бозуи вай тоб наоварда, ба диж бармегардад. Гаждаҳам ба Ковус (Кайковус) нома нигошт ва аз ӯ дархост кард, ки барои ҳимояи Эрон Рустамро даъват бикунад. Ба асари ҳамин номаи Гаждаҳам Гев барои овардани Рустам меравад ва Рустам ба Эрон меояд.

Дар замони подшоҳии Кайхусрав низ аз Гаждаҳам ёд шудааст. Кайхусрав пеш аз оғози ҷанг бо Афросиёб паҳлавонони лашкарашро мешуморад:

Чу шасту се аз тухмаи Гаждаҳам,
Бузургону солорашон Густаҳам.

Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Гаждаҳам инчунин падари Густаҳам хонда шудааст:

Паси пушти Гударз Густаҳм буд,
Ки фарзанди бедор Гаждаҳм буд.

  • Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома. Ҷ. 1, Д., 2007; Ҷ. 2, Д., 2007; Ҷ. 3, Д., 2008;
  • جهاگیری علی. فرهنگ نامهی شاهنامه. تهران، ۱۳۶۹ ش.؛
  • عادل محمد رضا. فرهنگ جامع نامهای شاهنامه. تهران،۱۳۷۲ ش.
  • حسین شهیدی مازندرانی (بیژن). فرهنگ شاهنامه. نام کسان و جایها. تهران، ۱۳۷۷ ش.؛
  • دانشنامۀ دانشگستر. جلد ۱۴، تهران، ۱۳۸۹ ش.ر