Газанбор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Газанборҳои ҳозиразамони рӯизаминӣ

Газанбор (англ. gas-holder) — зарфи табиӣ ё сунъӣ барои захира кардани миқдори зиёди газ ва истифодаи ояндаи он.

Газанборҳоро дар наздикии ғулбаҳои газгузари асосӣ ва марказҳои истеъмоли газ месозанд. Газанборҳо рӯйизаминӣ — газголдерҳо (фишори паст, фишори миёна ва фишори баланд), зеризаминии сатҳӣ ва зеризаминӣ мешаванд. Дар газанборҳои рӯйизаминӣ газ қисман истеъмол нашуда (мас.. шабона) ҷамъ гардида), дар давраи истеъмоли зиёд (рӯзона) ба шабакаҳо ҷорӣ карда мешавад. газанборҳои зеризаминии сатҳӣ қитъаҳои ғулбаҳои газиро аз истгоҳи компрессорӣ то истгоҳи газтақсимкунӣ дар бар мегиранд, ки истифодаи газро танзим менамоянд. газанборҳои зеризаминӣ дар ковокиҳои табиӣ (аз ҷумла конҳои куҳнаи нафту газ) ва сунъии замин сохта шуда, ҳангоми истеъмоли нобаробари мавсимии газ истифода мешаванд. Ин навъи газанборҳо нисбатан маъмул буда, гунҷоишашон садҳо млн м3 ва баъзан млрд м3 аст. Онҳо нисбат ба газанбори рӯйизаминӣ бехатар ва пурсамаранд. Барои сохтани онҳо масолеҳи сохтмонӣ, бахусус филиззот, камтар сарф мешавад.

Нахустин газанборҳои мазкур дар Канада соли 1915 сохта шуда, 20-25%-и истеъмоли шабонарӯзиро таъмин мекунанд. Чунин газанборҳо дар Русия, ИМА, Олмон, Лаҳистон, Чехия, Фаронса, Британияи Кабир, Итолиё, Австрия низ мавҷуданд. Теъдоди бузургтарини газанборҳои зеризаминӣ дар ИМА сохта шудаанд.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]


Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.