Гази электронӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гази электронӣ — модели назариявиест, ки ҳолати электронҳои ноқилиятро дар ноқилҳои электронӣ шарҳ медиҳад.

Дар модели гази электронӣ таъсири мутақобилаи кулонии байни электронҳоро ба назар намегиранд. Электронҳо дар майдони даврии панҷараи кристаллӣ ҳаракат мекунанд, аз ин сабаб вазъи электрони алоҳидаро ба тавассути квазиимпулси он р ва рақами соҳаи энергетикӣ s муайян кардан мумкин аст. гази электронӣ гази фермионҳо мебошад. Зарраҳои гази электронӣ дар фононҳо ва баъди бо ҳам бархӯрдан (пошхӯрии байниэлектронӣ), инчунин дар ҳар гуна нақси панҷараи кристаллӣ пароканда мешаванд. Аз ин рӯ, онҳо дарозии ниҳоии дави озод l ва давраи ниҳоии зист т=l/и (суръати гармоии электрон) доранд. Бисёр нишондодҳои термодинамикӣ ва кинетикии ноқилҳои электронӣ аз рӯйи модели гази электронӣ муайян карда мешаванд. Дар баъзе мавридҳо (дар нимноқилҳо) ҳарорати гази электронӣ метавонад аз ҳарорати панҷара фарқ дошта бошад. Газҳои электронии филиз ва нимноқилҳо (хусусан дар майдони магнитии доимӣ) аз таъсири майдонҳои электромагнитии баландбасомад чун плазмаи электронӣ ё электронию ҷавфӣ амал мекунанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]