Jump to content

Газна

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Газна
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Urtica dioica L. (1753)

Газна (лот. Urtíca dióica), газанга, тавланг, анҷара, духтаргазак, сӯзанкаҳ, тавланг — гиёҳи бисёрсолаи алафии мансуби газнаиҳо.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пояаш рости ҷаҳорқирра, то 170 см қад мекашад, сершохубаргазна Баргаш байзашакл (дарозиаш 17 см), дандонадор, нӯгтез. Хӯшааш сергул, гулҳояш майда-майдаи сабзчатоб, мевааш байзамонанд (вазни 1000-тоаш тақр. 0,25 г), зарди хокистарранг. Поя ва баргҳояш бо мӯякҳои «газанда» (номаш аз ҳамин ҷост) пӯшида шудаанд. Моҳҳои май — июн гул карда, тухм мебандад. Газна дар боғу киштзор, гирду атрофи хонаҳои иқоматӣ, заминҳои партов, канори ҷӯй мерӯяд.

Хосиятҳои шифоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Рустании доруист. Ба қавли Абуалӣ Сино барги кӯфтаи газна (анҷура) хуни биниро бозмедорад. Марҳами он пучакро сар меорад. Тухмаш давои зиқи нафас ва илтиҳоби шуш буда, марҳамаш барои муолиҷаи саратон ва варами гӯш ёрӣ мерасонад. Табибони халқӣ ҷӯшоби газна («тавлангоба»)-ро чун давои балғамрон, хунбанд ва исҳоловар истифода мебаранд. Аз хокаи барги газна ва орд атола («олиоба») тайёр карда, барои муолиҷаи газак ва захми меъда, хуншории узвҳои дарунӣ ва бачадон пеш аз хӯрокхӯрӣ рӯзе якпиёлагӣ мехӯранд. Бо ҷӯшоби омехтаи газна ва пудина шустани сар сабӯсакро нест мекунад. Ҷӯшоби тухми он барои гулӯзиндонак нофеъ аст. Хокистари газнаро бо намак даромехта ба решҳо гузошта банданд, онҳоро сиҳҳат мебахшад. Тухмашро бихӯранд, барои дамкӯтаҳӣ, сурфа, иллати аъзои нафас ва обварам дору мешавад; сафро ва балғами часпакро аз бадан хориҷ мекунад, барои иллатҳои сипурз ва гурда дармон мебошад, боҳро қавӣ мегардонад. Агар барги кӯфтаи газнаро бо асал хамир карда, ба закар ва зери хоя бимоланд, боҳро бедор мекунад. Оби газнаи тарро дар даҳон ва ҳалқ гардонанд, варами забончаи ҳалқро рафъ менамояд. Равғани газна барои рафъи дарди буғумҳо, дарди сурин, ниқрис манфиатовар аст. Дар амалияи тибби муосир нақуъ ва ҷаҳвари обии газнаро ҳангоми хуншории шуш, ҷигар, бачадон ва рӯда тавсия медиҳанд. Ҷавҳари хушки он ба таркиби доруи «Аллохол» дохил мешавад (онро дар мавриди гепатит, холангит, холетсистид ва қабзияти музмин истифода мебаранд). Газна хосияти пешобронӣ ва рафъи зардаҷӯшӣ дорад. Дар таркиби газна витаминҳои С, В, К, силитсий ва кислотаҳои органикӣ мавҷуданд, ки масуниятро қавӣ мегардонанд.

Аз он бо иловаи ҷағҷағу шилха, пудина ва ғ. самбӯсаи алафӣ ҳам мепазанд. Дар аввали сабзиш газнаро чорво низ мехӯрад.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Ҳ. Зоҳидов. Канзи шифо. Д., 1998;
  • Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана. Д., 1983;
  • Губанов И. А. (ва дигарон). Крапива двудомная//Иллюстрированный определитель растений Средней России. М., 2003;
  • Разделов С. Ю. Всё о лекарственных растениях на ваших грядках. СПб., 2010.