Газнаи сагак
Газнаи сагак | ||||
---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Leonurus.
|
||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||
Leonurus turkestanicus | ||||
|
Газнаи сагак (лот. Leonurus turkestanicus) — гиёҳест бисёрсола.
Тавсифои гиёҳшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пояаш сершох (70-200 см). Баргаш мудаввар ё байзашакли чокдор. Гулаш гулобии паст; моҳҳои июл—сентябр мешукуфад. Дар мавзеъҳои бешазори паҳнбарг, арчазор, алафзори нимсаванна, дашт мерӯяд. Дар водии дарёҳои Сир ва Зарафшон, инчунин Ҳисор, Дарвоз ва Тоҷикистони Шарқӣ (дар баландии 1100-3500 м аз с. б.) вомехӯрад.
Хосиятҳои шифоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Газнаи сагак рустании доруист. Бо мақсади табобат навдаҳои гулдори онро ғундошта (дарозиашон 30-40 см) дар ҷойи соя ё шамолрас мехушконанд (то 3 сол метавон нигоҳ дошт). Табибони мардумӣ бо газнаи сагак бисёр бемориҳоро табобат мекунанд. Чой ё нақуи баргу пояи он давои заъфи силсилаи асаб, ғалаёни хун, ҷунун, саръ (эпилепсия), бемориҳои меъдаву рӯда, амрози занона аст; он ҳамчунин воситаи хобовар, рафъи илтиҳоб, арақовар, исҳоловар мебошад. Бо ин мақсад 1 чумча баргу пояи майда резакардаи онро дар як истакон оби ҷӯшида 20 дақ. нигоҳ медоранд; баъд даворо полонда, ҳар рӯз 2 бор пеш аз хӯрок як чумча истеъмол менамоянд.
Доруҳое, ки аз алафи газнаи сагак таҳия карда шудаанд, дар бисёр мамлакатҳо истифода мегарданд. Табибони руминӣ бо онҳо саръ, бемории ҷоғар ва амрози дилу рагҳоро муолиҷа мекунанд. Он дар Англия барои табобати ғашён (истерия), невралгия, заъфи дил ва дамкӯтоҳӣ истифода мешавад. Табибони тоҷик нақуи газнаи сагак (2 қошуқча алафи он дар як истакон об)-ро чун давои таскинбахши асабҳо таъйин мекунанд (рӯзе 3 бор якчумчаӣ ошомидан лозим аст).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ковалев Н. Г. Лечение растениями. М., 1972;
- Турова А. Д. Лекарственные растения СССР и их применение. М., 1974;
- Гаммерман А. Ф., Гром И. И. Дикорастущие лекарственные растения СССР. М., 1976;
- Ходжиматов М. Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана. Д., 1989;
- Вермейлен Н. Полезные травы. М., 2002.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Газнаи сагак // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.