Jump to content

Газотурбовоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Газотурбово́з — локомотиви муҳаррикаш газию турбинӣ.

Дар газотурбовоз аксаран таҳвили электрӣ истифода мешавад: муҳаррики газию турбинӣ ба генератор пайваст буда, ҷараёни аз он ҳосилшуда ба муҳаррикҳои электрӣ интиқол дода мешавад. газотурбовоз нисбат ба паровоз ва аз рӯйи баъзе нишондиҳандаҳо нисбат ба тепловоз бартарӣ дорад. Газотурбовоз аз паровоз ду баробар сабук ва аз тепловоз ду баробар кӯтоҳ аст. Бартарии газотурбовоз боз дар он аст, ки муҳаррикаш бо сӯзишвории моеъи пастсифату арзонтар (мазут, нафти коркарднашуда, конденсатҳои истеҳсолоти ангиштсанг ва ғайра) кор карда метавонад.

Аввалин газотурбовозро ширкати швейсариягии Brown, Boveri and Cie соли 1938 истеҳсол карда буд. Аз рӯйи маълумоти дигар нахустин газотурбовоз дар ИМА соли 1948 сохта шудааст. Дар ИҶШС нахустин газотурбовоз соли 1954 сохта ва якчанд нусхаи озмоишӣ рӯйи кор оварда шуданд. Солҳои 70 садаи XX ба ҷойи газотурбовоз электровоз пайдо шуд. Соли 2007 дар Русия истеҳсоли газотурбовоз-ҳои таҷрибавӣ дар заминаи электровозҳо барқарор гардид. Суръати ин навъи газотурбовоз-ҳо 100 км/соат, иқтидорашон 8300 кВт буда, бо гази табиӣ кор мекунанд.