Газпром нефт-Тоҷикистон
«Газпром нефт — Тоҷикистон» — ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, корхонаи воридкунанда ва фурӯшандаи маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон. Шуъбаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Газпром нефт» (Русия) дар Тоҷикистон.
Самти фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Ворид намудани маҳсулоти нафтии корхонаи коркарди нафти ш. Омск; ташкили фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти нафтӣ ба корхонаву муассисаҳо ва аҳолии ҷумҳурӣ. Дар ихтиёри «Газпром нефт-Тоҷикистон» 25 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (АЗС) мавҷуд мебошанд, ки 7 адади онҳо иҷора гирифта шудаанд. Маҳсулоти бафурӯшгузошташуда ба меъёрҳои техникии ширкат мутобиқ буда, аз тарафи ташхисгоҳи сайёри корхона санҷида мешавад. Фурӯши маҳсулоти нафтӣ аз тариқи шабакаи васеъ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Ваҳдат ва аз тариқи захирагоҳҳои маҳсулоти нафтӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Қайроққум, Сарбанд ва Кӯлоб ба роҳ монда шудааст. Корхона ҷузъи Ширкати бузурги таъминкунандаи маҳсулоти нафтӣ «Газпром нефт» (Русия) мебошад, ки дар кишварҳои ИДМ, Сербия ва дигар кишварҳо беш аз 1750 истешани нафтрасон дорад. Дар баробари фаъолияти тиҷоратӣ «Газпром нефт-Тоҷикистон» амалҳои башардӯстона низ дорад ва ҳамасола аз ҳисоби корхона ба Мактаби махсуси ҷумҳуриявии ноҳияи Ҳисор ёрии моддӣ мерасонад. Ҳамчунин корхона ба Хазинаи кумаки кӯдакони маъюб — «Некӣ», Ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи байниминтақавии варзиши маъюбон», ширкатдорони ҶБВ ҳам ёрии башардӯстона мерасонад. Директори генералии «Газпром нефт-Тоҷикистон» Ф. С. Мирзоев мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Газпром нефт-Тоҷикистон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.