Газ (воҳиди андозагирӣ)
Газ, араш, заръ, зироъ — воҳиди қадимии дарозӣ. Дар асрҳои миёна вобаста ба замону макон навъу андозаҳои гуногун дошт. гази шаръӣ баробари 24 ангушт ё 49,875 см ва дар садаи XI гази маъмул баробари 62 см буд. Носири Хусрав дар «Сафарнома»-и худ зикр мекунад, ки 1 гази шоҳӣ (малик) аз 1,5 араш каме кӯтоҳ аст. Дар ҷойи дигар ӯ дарозии як тарафи калисои ҳашткунҷаи Байтулмуқаддасро 33 газ (ё раш) гуфтааст. гази шоҳӣ дар Эрони садаи XVII баробари 94,745 см ва гази муқассир 68 см буд.
Дар Осиёи Миёна се тарзи муайян намудани андозаи газ мавҷуд буд: фосила аз нӯки ангуштони дасти росткардашуда то китф; фосила аз нӯки ангуштони дасти росткардашуда то миёнаи қафаси сина (ё нӯки бинӣ); фосила аз нӯки ангуштони дасти росткардашуда то китфи дигар. Дар Бухоро, Самарқанд ва дигар шаҳрҳо дар садаи XVIII ва аввали садаи XX навъҳои гуногуни газ шаръӣ (49,875 см), сохтмонӣ (62,195 см; 68,58 см; 70,68 см; 78,74см), бозорӣ (88,9 см), бофандагӣ (101,6 см), шоҳӣ ё хонӣ (106,68 см) ва дучанди он (213,36 см) мавриди истифода қарор доштанд. Дар Қаротегину Дарвоз чор намуди газ (чӯбгаз, 69-71,5 см; 84-88 см ё 100 см; 105—110 см; 166 см) ва дар Помири Ғарбӣ навъҳои гуногуни он — чӯбгаз (71,12, 83,100-102 см), гилимгаз (268—275 см), сулдегазак (50-56 см), ҳайдегазак (83 см), култадегазак (100—110 см), оршини Николай (69-71,5 см) истифода мешуданд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Газ / М. Холов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.