Jump to content

Галактикаи Секунҷа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Галактикаи Секунҷа
Нигора
Рамзи каталог Lua error in Модул:Wikidata at line 301: Функция для отображения значения не найдена..
Кошиф William Parsons, 3rd Earl of Rosse[d], Giovan Battista Hodierna[d] ва Charles Messier[d]
Таърихи кашф 1654
Пайкари осмонӣ (созвездие) Triangulum[d]
Баданаи фарзанд Pisces Dwarf[d] ва Andromeda XXII[d]
Баданаи аслӣ M 31[d]
Redshift −0,000597 ± 0[1]
Масофа (дурӣ) аз Замин 0,8 ± 0,1 megaparsec[2]
Declination component of proper motion 0,827 ± 0,269 мас/сол[3]
Right ascension component of proper motion 0,707 ± 0,336 мас/сол[3]
Суръатӣ нурӣ −182 км/сон[4][2]
Galaxy morphological type SA(s)cd[5]
Бузургии зуҳурӣ / рушноӣ 5,72 ± 0,04[6]
Радиус 27 500 ± 0 соли рӯшноӣ
Эпоха J2000.0[d]
Хезиши рост (прямое восхождение) 1ч 33м 50,8965749с[3]
Майл/хамшавӣ (склонение) +30° 39′ 36,630403″[3]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Галактикаи Секунҷа (M 33, NGC 598) — галактикаи спиралии навъи Sc буда, яке аз наздиктарин галактикаҳо ба Роҳи Каҳкашон дар масофаи 850 килопарсек аз он ҷойгир аст. Он дар Гурӯҳи маҳаллӣ ҷойгир аст ва аз рӯи ҳаҷм, масса ва равшанӣ пас аз Роҳи Каҳкашон ва Галактикаи Андромеда ҷои сеюмро ишғол мекунад.

М 33 аз ҷиҳати параметрҳои худ умуман дар байни галактикаҳои типи худ фарқ намекунад. Диаметри M 33 ба 50-60 ҳазор соли рӯшноӣ баробар аст, ки аз Роҳи Каҳкашон ниммаротиба кам аст, дар он 40 миллиард ситора мавҷуд аст, дар ҳоле ки Галактикаи мо, аз рӯи ҳисобҳои гуногун, аз 100 то 400 миллиард ситора дорад. Ҷузъи асосии галактика диски он мебошад. Дастҳои спиралии галактика пора-пораанд ва на он қадар сахт печонида шудаанд. Сурохии сиёҳи абармассивӣ (Сверхмассивная чёрная дыра) дар он дида намешавад.

Аз ҷиҳати ҳаҷм ва равшанӣ дар гурӯҳи маҳаллӣ, он танҳо пас аз туманотии Тарантула дар Абри Калони Магеллан ҷои дуюмро ишғол мекунад.


Дар галактика шумораи зиёди манбаъҳои рентгенӣ ва ситораҳои тағирёбанда маълуманд. Дурахшонтарин манбаи рентгении доимӣ дар тамоми гурӯҳи маҳаллӣ, M33 X-8, дар ядрои галактикаи Секунҷа ҷойгир аст.

Галактикаи Секунҷаро Шарл Мессие соли 1764 кашф кардааст, гарчанде ки онро Ҷованни Баттиста Годиерна то соли 1654 мушоҳида карда буд. Эдвин Ҳаббл дар тадқиқи галактика ҳиссаи калон гузошт: дар соли 1926 дар бораи галактика маколаи муфассал чоп карда, дар он, аз ҷумла, табиати ғайригалактикии объектро исбот кард.

М 33 дар бурҷи Секунҷа (созвездие Треугольника) мушоҳида карда мешавад. Бо бузургии зоҳирии +5,7 м, ин галактика яке аз дуртарин объектҳост, ки онро бо чашми одӣ дидан мумкин аст.

M 33 дар диапазони ултрабунафш
M 33 дар диапазони инфрасурх
  1. Vaucouleurs G. d., De Vaucouleurs A., Corwin J. R., Buta R. J., Paturel G., Fouque P. Third Reference Catalogue of Bright Galaxies, Version 9 (ингл.)NYC: Springer Science+Business Media, 1991.
  2. 2.0 2.1 Haynes M. P., Giovanelli R., Kent B. R., Adams E. A. K., Craig D. W., Fertig D., Giovanardi C., Hallenbeck G., Hess K. M., Hoffman G. L. et al. The Arecibo Legacy Fast ALFA Survey: The ALFALFA Extragalactic H i Source Catalog (ингл.) // Astrophys. J. / E. VishniacIOP Publishing, 2018. — Vol. 861, Iss. 1. — P. 49. — ISSN 0004-637X; 1538-4357doi:10.3847/1538-4357/AAC956arXiv:1805.11499
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Gaia Early Data Release 3 (ингл.) / Data Processing and Analysis Consortium, European Space Agency — 2020.
  4. Tully R. B., Courtois H. M., Sorce J. G. Cosmicflows-3 (ингл.) // Astron. J. / J. G. III, E. VishniacNYC: IOP Publishing, AAS, University of Chicago Press, AIP, 2016. — Vol. 152, Iss. 2. — P. 50. — ISSN 0004-6256; 1538-3881doi:10.3847/0004-6256/152/2/50arXiv:1605.01765
  5. Batcheldor D., Axon D., Valluri M., Mandalou J., Merritt D. An STIS atlas of Ca II triplet absorption line kinematics in galactic nuclei (ингл.) // Astron. J. / J. G. III, E. VishniacNYC: IOP Publishing, AAS, University of Chicago Press, AIP, 2013. — Vol. 146, Iss. 3. — P. 67. — ISSN 0004-6256; 1538-3881doi:10.1088/0004-6256/146/3/67arXiv:1308.1983
  6. Paz A. G., Boissier S., Madore B. F., Seibert M., Joe Y. H., Wyder T. K., Thilker D., Bianchi L., Soo‐Chang Rey, Barlow T. A. et al. The GALEX Ultraviolet Atlas of Nearby Galaxies (ингл.) // The Astrophysical Journal: Supplement SeriesAAS, 2007. — Vol. 173, Iss. 2. — P. 185–255. — ISSN 0067-0049; 1538-4365doi:10.1086/516636arXiv:astro-ph/0606440