Jump to content

Галантерея

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Галантерея (фр. galanterie — ҳалимӣ, хушмуомилагӣ), чарчинворӣ — номи умумии тиҷоратии ашёи гуногуни ороишӣ ва рӯзгор, аз қабили тугма, дастпӯшак, галстук, тӯр, гарданбанд, шона ришта, оина ва ғайра.

Маҳсулоти галантериявӣ ба молҳои саноатӣ мансуб буда, андозаи хурд доранд ва барои истифодаи умум пешбинӣ шудаанд. Маҳсулоти чарчинвориро аз нах, пластмасса, чарм, филиззот, чӯб, шиша ва ғ. истеҳсол карда, дар мағозаҳои махсус ба фурӯш мебароранд.