Jump to content

Галина Соловей

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Соловей Галина
Соловей (Селезнева) Галина Николаевна
Таърихи таваллуд: 30 октябр 1919(1919-10-30) (105 сол)
Касб: ҳунарпеша

Соловей (Селезнева) Галина Николаевна (30.10.1919, Бор, вилояти Нижний Новгород) — ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1979).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1941 Омӯзишгоҳи театрии вилояти Горкийро ба итмом расонда, дар театрҳои шаҳрҳои Саратов, Петрозаводск, Гродно ва Ҷумҳурии мухтори Кабардину Балқар фаъолият доштааст. Аз соли 1963 актрисаи Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ш. Чкаловск буд, давоми беш аз ду даҳсола дар саҳнаи он образҳои зиёд офарида, таваҷҷуҳи бинандагонро ҷалб намудааст. Беш аз чил спектакл, аз қабили «Баъди омадани корвон», «Бахти ноором», «Шуои Стелла», «Роҳҳои мушкил», «Зани дурӯғгӯи ман», «Жодле», «Истгоҳи охирин», «Писари калонӣ», «Охирин», «Беша», «Бедорӣ» бо иштирокаш рӯи саҳна омадаанд. Маҳораташ хоса дар иҷрои нақшҳои драмавӣ бештар ҳувайдо мегардид.

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.