Галлия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Галлия
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 494 000 км²[1]
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Га́ллия (лот. Gallia) — вилояти таърихӣ дар Аврупои Ғарбӣ, байни дарёи Рейн ва кӯҳҳои Пиреней (ҳудуди имрӯзаи Фаронса, Белгия, Люксембург, як қисми Швейсария, Нидерландия, Итолиё ва Олмон).

Аз садаи VI то м. қабилаҳои келтии галлҳо дар Галлия сокин шуданд. Дар охири садаи V то м. онҳо ба самти Итолиёи Шимолӣ ҳаракат карда, пас аз шикаст додани муқобилати қабилаҳои лигурҳо ва этрускҳо водии дарёи Поро тасарруф карданд. Минбаъд ин минтақа Галлияи «Сизалпия» (Галлияи ин тарафи Алп) ва Галлияи Марказию Шимолӣ Галлияи «Трансалпия» (Галлияи моварои Алп) ном гирифт. Ҳудуди Галлия аз лиҳози сиёсӣ ягона набуд ва дар он иттиҳоди қабилаҳои зиёд (секванҳо, арвернҳо, эдуиҳо, белгҳо, венетҳо, гелветҳо ва ғайра) мавҷуд буданд, ки пайваста бо ҳамдигар мубориза мебурданд. Дар садаи I то м. дар Галлия шаҳрҳои Бибракта, Герговия, Алезия, Лютесия, Бурдигала ва ғ. ба вуҷуд омаданд. Дар охири садаи III то м. Галлияи Сизалпия аз ҷониби румиҳо тасарруф гардида, охири садаи II то м. қабилаи олмонии кимврҳо ба Галлия ҳамла карданд. Солҳои 120 то м. румиҳо Галлияи Ҷанубиро забт карда, аз ҳисоби он музофоти Галлияи Нарбоннро таъсис доданд. Солҳои 59-51 то м. Галлияи Марказӣ ва Шимолӣ аз ҷониби румиҳо забт карда шуд. Соли 16 то м. Октавиан Август дар Галлия 4 музофот таъсис дод: Галлияи Нарбонн, Галлияи Лугдун, Аквитания ва Белгика. Ба муқобили румиҳо дар Галлия чандин бор шӯришҳо сар задаанд (солҳои 54-51 то м., 12 то м., 21 м.), ки бузургтаринашон шӯриши батавҳо бо роҳбарии Юлий Сивилис (солҳои 69-70) мебошад. Дар замони тобеият ба империяи Рум аҳолии Галлия шаҳрванди Рум шуданд ва тарзи хоҷагидориву фарҳанги румиҳоро қабул карданд. Аз соли 47 ашрофи Галлия ба сенати Рум роҳ ёфтанд. Дар асрҳои 1-3 хоҷагидорӣ, тиҷорат ва ҳунармандӣ ба нуқтаи баланди тараққиёт расид, вале сар задани буҳрон дар садаи III боиси таназзули иқтисодӣ ва авҷи ҷудоихоҳӣ дар Галлия шуд. Солҳои 258—273 сарлашкарони Рум Постум (ҳукмрониаш 260—269) ва Тетрики I (270—274) Галлия, Британия ва Испанияро аз империяи Рум ҷудо намуда, «империяи Галлия»-ро таъсис доданд. Вале Тетрики I аз уҳдаи идоракунии мамлакат баромада натавонист ва Галлияро дар тобеияти императори Рум Аврелиан қарор дод. Ҳудуди Галлия ба ду диотсез (Галлия ва Вйен) ва 17 музофот тақсим карда шуд.

Дар ин давра ғуломон ва одамони озод ба иҷорагирии замин машғул шуданд, ки иқтисодиёти Галлияро ба ҳадди муътадил овард. Дар натиҷаи ҳуҷумҳои пай дар пайи олмониҳо (аз садаи IV) соли 406 дар ҷанубу шарқи Галлия давлати бургундҳо ва соли 418 дар Аквитания давлати вестготҳо таъсис ёфтанд. Дар миёнаи садаи V аз ҷониби Эгидий (456—465) ва Сиагрий (465—486) дар қисми шимолии Галлия шоҳии мустақили Суассон таъсис дода шуд, аммо соли 486 шоҳи франкҳо Хлодвиг Сиагрийро шикаст дода, Галлияи Шимолӣ ва Марказиро тасарруф намуд. Ҳамчунин ӯ соли 507 вестготҳоро аз Галлия берун ронда, тамоми ҳудудҳои шимоли дарёи Луараро ба тобеияти худ даровард.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Штаерман Е. М. Древняя Галлия//Вестник древней истории. М., 1951;
  • Шкунаев С. В. Община и общество западных кельтов. М., 1989.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]