Гамбусаки нок
Зоҳир
Гамбусаки нок | ||||
---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Anthonomus.
|
||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||
Anthonomus pyri Gyllenhal, 1835 | ||||
Мутародифот | ||||
|
||||
|
Гамбусаки нок (лот. Anthonomus pyri), гулхӯраки нок — як навъи ҳашарот.
Тавсифоти умумӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Асосан ба ноку себ зарар мерасонад. Дарозиаш 4,0-5,5 мм, рангаш бӯри ҷигарӣ; дар пешболаш мӯякҳои зичи сафед дорад. Кирминааш (5-6 мм) сафед, сараш ҷигариранг. Ғумбакаш сафеди зардтоб, дарозиаш 4-5 мм. Баъди чанд рӯз ғумбакҳо ба гамбусак табдил меёбанд, ки муғҷаро сӯрох карда берун меояд. Гамбусак ғизои бисёр намехӯрад. Вай дар зери пӯстлох ва ковокии дарахтон то фарорасии тирамоҳ пинҳон мешавад. Моҳҳои сентябр — октябр гамбусакҳо аз паноҳгоҳи худ берун омада, муғҷамеваҳоро сӯрох мекунанд ва дар ҳар яки он яктоӣ тухм мегузоранд (гамбусаки модина то 20 тухм мемонад). Баъд аз чанд рӯз аз тухм кирминаҳо баромада, зимистонро андаруни муғҷа паси сар мекунанд.
Тадбирҳои мубориза
[вироиш | вироиши манбаъ]- ҳангоми боз шудани муғҷаҳо афшонда маҳв кардани гамбусакҳо;
- тирамоҳ ба дарахт пошидани ҳашаракушҳо.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гамбусаки нок // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.