Гамбусаки туронӣ
Гамбусаки туронӣ | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Epicometis.
|
||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||
Epicometis turanica | ||||||
Мутародифот | ||||||
Tropinota turanica |
||||||
|
Гамбусаки туронӣ (лот. Epicometis turanica) — як навъи ғамбусак; мансуби гулхӯракҳост.
Ба ғайр аз биёбони регзор ва минтақаҳои баландкӯҳ дар тамоми ҳудуди Осиёи Марказӣ паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон дар баландиҳои 400–2000 м аз с. б. вомехӯрад. Дар водии Ҳисор он аввали моҳи март пайдо мешавад. Дар мавзеи Кондараи ноҳияи Варзоб парвози ғамбусакҳо ба охири март – аввали апрел рост меояд. Гамбусаки туронӣ баланд парвоз карда наметавонад, аз ин рӯ бештар ба гули дарахтони реза, инчунин гули садбарг, хуч, ток, ҷуворӣ, нахӯд, юнучқа, себ, нок, биҳӣ, бодом, зардолу, олу, дӯлона ва ғ. зарар мерасонад; гарддон ва гардбаргаи гулро маҳв сохта, гулбаргҳоро бо пойҳои худ нобуд мекунад. Гулҳои осебдида ғӯра намебанданд. Гамбусаки туронӣ махсусан дар рӯзҳои гарм фаъол мешавад. Гамбусакҳо пагоҳии рӯз, инчунин дар ҳавои абр ва боронӣ дар гул беҳаракат менишинанд ё дар зери хасу хошок пинҳон мешаванд. Гамбусакҳои болиғ баъди зимистонро гузаронидан дар хок тухм мегузоранд. Кирминаҳо (дарозиашон 14–38 мм) дар замин зиндагӣ карда, пӯсидахок ва решаи гиёҳҳоро мехӯранд. Онҳо тирамоҳ ба зоча табдил ёфта, октябр ғамбусаки болиғ мешаванд ва то баҳори оянда дар хок мемонанд.
Тадбирҳои мубориза
[вироиш | вироиши манбаъ]- шудгори амиқи тирамоҳӣ ва баҳорӣ;
- чида нест кардани кирмаку зочаҳо;
- истифодаи консентрати лизин (Kl) ва ҳашаракушҳо.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вредные животные Средней Азии. М.–Л., 1949;
- Антова Ю. К. Вредители зерновых культур в Таджикистане и меры борьбы с ними. Д., 1951;
- Баева В. Г. Насекомые-вредители семечковых плодовых культур в Гиссарской долине. Д., 1959;
- Кулинич П. Н. Жуки вредящие плодовым и орехоплодным культурам южного склона Гиссарского хребта. Д., 1965.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гамбусаки туронӣ / К. Қаҳҳоров, С. Муҳиддинов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.