Гамбуски ҳамал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гамбуски ҳамал
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Melolontha afflicta hissarica

Гамбуски ҳамал (лот. Melolontha afflicta hissarica) — як навъи ҳашароти зараррасон. Асосан ба дарахтони мева ва паҳнбарг осеб мерасонад.

Тавсифоти умумӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дарозиаш тақр. 2,5 см, рангаш ҷигаритоб. Баданаш бо пулакчаҳои резаи сафедча пӯшида шудааст. Дар сар, сина ва паҳлуҳо мӯякҳои хокистарранг дорад. Дарозии кирминаи болиғаш 5,5 см. Модинааш дар умқи 8-10 см 30-тоӣ тухм мегузорад. Кирминаҳояш дар хок 4 сол зиндагӣ мекунанд. Гамбускҳо нимаи дуюми март ба парвоз медароянд. Давраи парвози онҳо то охири апрел аст. Гамбускҳо барг, кирминаҳо бошанд, решаи рустаниҳо (офтобпараст, писта, анҷир, анор, чормағз, меваҳои донакдор, ток, лаблабуи қанд ва ғайра) -ро хӯрда зиёни ҷиддӣ мерасонанд. Гамбуски ҳамал дар замини сахт, қабати буттаҳо ва дарахтон зиндагӣ мекунад.

Дар баландиҳои то 2000 м аз с. б. дучор меоянд. Гамбуски ҳамал дар хоҷагиҳои ҷангали Алмосӣ, Селбур ва деҳаи Арҷинаки болои ноҳияи Ҳисор, мавзеъҳои Кондара, Такоб ва Ҳоҷаобигарми ноҳияи Варзоб ба қайд гирифта шудааст.

Тадбирҳои мубориза[вироиш | вироиши манбаъ]

  • ҷамъ оварда нест намудани кирминаву зоча ва ғамбускҳо;
  • истифодаи ҳашаракушҳо.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Кулинич П. Н. Жуки вредящие плодовым и орехоплодным культурам южного склона Гиссарского хребта. Д., 1965;
  • Баева В. Г., Муминов Н. Н., Назарова Ш. Д. Насекомые вредители плодовых культур Таджикистана. Д., 2005.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Гамбуски ҳамал / Қ. Қаҳҳоров, С. Муҳиддинов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.