Гамбуски ҷавзо
Гамбуски ҷавзо | ||||
---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Amphimallon.
|
||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||
Amphimallon solstitialis mesasiticus | ||||
|
Гамбуски ҷавзо (лот. Amphimallon solstitialis mesasiticus) — як навъ ҳашароти зараррасон.
Тарзи зиндагӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Хитойи Ғарбӣ то Тибати Шарқӣ дучор меояд. Кирминааш решаи ниҳоли себ, нок, олу, зардолу, олуболу ва рустаниҳои дигарро хӯрда, нобуд мекунад. Дар Тоҷикистон дар баландиҳои 800—2500 м аз с. б. вомехӯрад. Даври парвозаш ба охири май — нимаи аввали июл (баъзе гамбускҳо то 31 август) рост меояд. Аксари гамбускҳо рӯзона зери хок пинҳон шуда, бегоҳӣ пас аз ғуруби офтоб ба парвоз шурӯъ мекунанд. Гамбуски модина дар хок тухм мемонад. Кирминаҳо моҳҳои июл — август пайдо мешаванд. Онҳо ду зимистонро гузаронида, баҳорон ба зоча табдил меёбанд (ин марҳила 15 рӯз давом мекунад). Гамбускҳои болиғ аз хок берун мебароянд.
Тадбирҳои мубориза
[вироиш | вироиши манбаъ]- дам додани замин, нарм кардани байни қатори ниҳолҳо, дар давраи парвози гамбускҳо ба дарахтон пошидани ҳашаракушҳо.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гамбуски ҷавзо / Қ. Қаҳҳоров, С. Муҳиддинов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.