Гамма-нақшагирӣ
Гамма-нақшагирӣ — нақшагирии радиометрӣ, ки дар асоси андозагирии γ афканишоти табиии ҷинсҳои кӯҳӣ анҷом дода мешавад.
Барои ҷустуҷӯйи конҳои маъданҳои радиофаъол, инчунин конҳои филиззоти ранга (мас., бокситҳо) ва фосфоритҳо, ки унсурҳои радиофаъол доранд ва ҳангоми нақшабардории геологӣ истифода мешавад. Бори нахуст дар Иттиҳоди Шӯравӣ гамма-нақшагириро Л. Н. Богоявленский соли 1920 анҷом додааст. Аз рӯи усули сабткунӣ гамма-нақшагирии радиометрӣ ва γ -тайфсанҷиро фарқ мекунанд. Тибқи ҷойивазкунии афзори андозагир гамма-нақшагирӣ пиёдагардӣ, худрав, тайёравӣ ва кайҳонӣ мешавад. Дар натиҷаи таҳлили маълумоти гамма-нақшагирӣ қитъаҳои ғайримуқаррарӣ ва бо назардошти сохти геологӣ ҳудудҳо ва тавсифоти геокимиёии маҳал (кон)-ро муайян мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гамма-нақшагирӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.