Jump to content

Гамма-нурафканиш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гамма-нурафканиши ҳаста, гамма-коҳиш — ҳодисае, ки дар натиҷаи он ҳастаи ангехта худ ба худ гамма-квант, гамма-нур ё фотон афканда, аз ҳолати ангехта ба ҳолати энергияаш камтар мегузарад.

Ин гузаришро гузариши тобишзо (радиатсионӣ) меноманд. Дар ин раванд адади массавӣ А ва заряди ҳаста Z тағйир намеёбанд.

Табиатан гамма-нурҳо афканишоти электромагнитии кӯтоҳмавҷанд, ки аз рӯи табиати физикии худ ба равандҳои дохилиҳастаӣ мансубанд. Маъмулан, энергияи гамма-нурҳои ҳастаӣ дар ҳудуди аз 10 кэВ то 5 МэВ (10-8 см ≥ ≥ 2 · 10-11 см) тӯл мекашад. Бузургии энергияи гамма-квант Еᵧ ба фарқи савияҳои энергияе, ки байнашон гузариш воқеӣ мегардад, баробар аст: Е = Е1 — Е2 = Еᵧ + ЕҲ. Ин қонуни бақои энергияро ифода мекунад. Қонуни бақои импулс 0 = Рᵧ+РҲ мешавад. Дар ин ҷо ЕҲ энергия ва РҲ импулси ҳастаи ақибрафта мебошад. Аз ин ҷо мешавад. Аз ин сабаб ҳангоми Е ≈ 0,1 — 1 МэВ будан, барои ҳастаҳои А ≈ 100 ЕҲ = 0,1 ÷ 10 эВ мешавад. Яъне, энергияи ангезиши ҳастаро асосан гамма-квант интиқол медиҳад. Азбаски ҳолатҳои ангехтаи ҳаста бафосила (дискретӣ) мебошанд, тайфи гамма-квантҳо низ бафосила мешавад. Омӯзиши тайфи гамма-квантҳо имкон медиҳад, ки оид ба савияҳои энергии ҳаста маълумот ба даст оварда шавад.

Бо сабабҳои гуногун, мас., дар натиҷаи алфа- ё бета-коҳиш ё дар натиҷаи реаксияи ҳастаӣ, ҳаста метавонад дар ҳолати ангехта пайдо шавад. Усули содатарин ва аксаран истифодашавандаи ба даст овардани ҳастаҳои гамма-радиоактив ба ҳодисаи бета-коҳиши ҳаста, ки дар натиҷа ҳастаи маҳсул дар савияҳои ангехта пайдо мешавад, асос ёфтааст. Сабаби Г. таъсири мутақобили нуклонҳои алоҳидаи ҳаста ва майдони электромагнитӣ мебошад. Маълум аст, ки бета-коҳиш ҳодисаи дохилинуклонист, яъне дар дохили ҳаста як навъи нуклон (мас., нейтрон ба протон) ба нуклони навъи дигар табдил меёбад. Бар хилофи ин, Г. ҳодисаи дохилиҳастаӣ мебошад. Аз сабаби таъсири якҷояи қонуни бақои энергия ва импулс нуклони алоҳидаи озод гамма-квантро афканда ё онро фурӯ бурда наметавонад. Вале дар дохили ҳаста ин ё он нуклон имконияти афкандани гамма-нурро пайдо мекунад, зеро нуклони гаммафкан як қисми импулсашро ба нуклони ҳамсоя медиҳад.

Ҳастаҳои гамма-радиоактив, маъмулан, аз 10-7 то 10-11 с умр мебинанд, ки ин аз умри ҳастаҳои алфа- ва бета-радиоактив хеле кам аст. Гамма-коҳиш ва ангезиши ҳаста бо таъсири гамма-квант моҳиятан ҳамон як раванди квантӣ-механикӣ мебошанд, ки бо принсипи баргардандагии вақт алоқаманданд.

Ҳаста на танҳо бо афканиши гамма-квант, балки бо роҳи ба яке аз электронҳои қишри электронӣ бевосита додани энергия низ аз энергияи ангезиш озод шуда метавонад. Электроне, ки соҳиби ин энергия гаштааст, атомро тарк мекунад. Ин ҳодисаро конверсияи дохилӣ меноманд. Энергияи кинетикии электрон Ек бо ифодаи зерин муайян карда мешавад: Ек = Е — Ik. Ин ҷо Е энергияи ангезиш ва Ik потенсиали иониши К-қабат аст. Электронҳои конверсионӣ моноэнергӣ мебошанд. Дар қатори электронҳои конверсионӣ дар ин ҳодиса нурҳои рентгенӣ низ мушоҳида мешаванд.