Ганглионеврома

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ганглионеврома, ганглиотситома, ганглиома — як навъ омоси ғайрисаратонӣ.

Дар бофтаҳои асаб ташаккул меёбад. Сохтори омос вобаста ба миқдор ва хусусияти ҳуҷайраву торҳои асаб гуногун мешавад. ганглионеврома мумкин аст дар ҳамаи қисматҳои мағзи сар, бештар дар умқи меъдачаи III инкишоф ёбад. Он ғилофак (капсула) надорад, андозааш 2–4 см аст. Ганглионевромае, ки аз танаи асаби симпатӣ ташаккул меёбад, бисёр вақтҳо ба миёндевори ақиб ё ба ҷӯяки сутунмуҳра реша медавонад. Вобаста ба маҳалли пайдоиш ганглионевромаҳо гуногун мешаванд: ганглионевромаи силсилаи асаби марказӣ (дар назди меъдачаҳои паҳлуӣ), ганглионевромаи силсилаи асаби симпатӣ, ганглионевромаи ғадудҳои болои гурда, ганглионевромаи асабу ганглийҳои майнаву ҳароммағз (мас., уқдаи Гассеров, асаби сомеа), ганглионевромаи дигар узвҳои бадан (мас., атрофи пӯсти бинӣ, пилк). Ганглионевромаҳои пухта, одатан, кам дучор меоянд. Андозаи онҳо баробари сари сӯзан (баъзан калонтар) буда, дар қисми чапи бадан (аксаран дар занҳо) пайдо мешаванд. Барои ташхиси ганглионеврома аз таҳқиқоти гистологӣ истифода мебаранд. Муолиҷаи ганглионеврома бо усули ҷарроҳӣ сурат мегирад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]