Jump to content

Гангстеризм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гангстеризм (ангангстеризм gangster – ғоратгар, авбош) —— усули асосии зӯроварии низоми ҷинояткорӣ дар ИМА ва кишварҳои дигари Ғарб, ки бо роҳи созмон додани дастаи муташаккили ғоратгар сурат мегирифт. Ҷинояткорон баҳри расидан ба ҳадафҳои хеш ба куштор даст мезаданд, хонаҳоро ғорат менамуданд ва оташ мезаданд, одамонро мавриди шиканҷа қарор медоданд, мерабуданд ва ҳар гуна амалҳои ирҳобӣ анҷом медоданд. Дастаҳои гангстерӣ аз гурӯҳҳои калони дорои сохтори дохилии махсус таркиб ёфта, аз силсилаи маротиби қатъии иштирокдорон иборат буданд, ки ин итоати бечунучароро ба ташкилоти болоӣ таъмин менамуд.

Дастаҳои гангстерӣ дар садаи XX дар ИМА аснои азхудкунии «Ғарби ваҳшӣ», ки дар он минтақа мақомоти политсия ва адолати судӣ амал намекарданд, пайдо гардидаанд. гангстеризм хусусан солҳои 1920–33, ки дар кишвар «қонуни манъи машрубот» амал менамуд, бештар ривоҷ ёфт. Фоидаи зиёде, ки аз фурӯши машруботи ба таври қочоқ истеҳсолнамуда ба даст меомад, заминаи асосии ташкил додани гурӯҳҳо ва дастаҳои гангстерӣ мегардид. Куштору одамрабоӣ ва задухӯрдҳои мусаллаҳона тамоми кишварро фаро гирифта буд. Маҳз дар ҳамин давра низоми синдикатҳои гангстерӣ ташаккул ёфтаанд, ки то ҳоло фаъолият доранд. Ал-Капоне, Лаки Лучиано, Меир Лански ва дигарон «синдикати ҷиноят»-ро ташкил намуданд, ки он дар шакли иттиҳодияҳои махсус фаъолият дошт. Он самтҳои фаъолияти ҷинояткоронаи муташаккилро дар байни аъзоёнаш муайян карда, тиҷорати ҷинояткоронаро дар саросари мамлакат ҳамоҳанг месохт. Яке аз шохаҳои он «синдикати куштор» ном дошт, ки самти фаъолияташ ба номаш мувофиқ буд. Гангстерҳо интиқоли маводди мухаддир, нигоҳдорӣ ва фурӯши расмӣ ва ғайрирасмии онро ба уҳда доштанд. Онҳо дар муассисаҳои махсус муттаҳид гардида, даст ба ҷиноят мезаданд. Гурӯҳҳое амал мекарданд, ки барои ситонидани қарзҳо ва ҷазо додани «гунаҳкорон» махсус гардонида шуда буданд. Судхӯрӣ яке аз шаклҳои фаъолияти онҳо ба шумор мерафт. Гангстерҳо дар соҳаи рекэтгарӣ низ фаъол буданд. Онҳо ба ҳар амале, ки боиси ба даст овардани маблағ ва ашёву маводди дигари қиматнок мегардид, даст мезаданд. Бар замми содир намудани ҷиноятҳои анъанавӣ ба тиҷорати ғайриқонунии маводди мухаддир машғул мегардиданд. Даромади асосии созмонҳои гангстерӣ муддатҳо аз тиҷорати «марги сафед» маншаъ мегирифт.

Тадриҷан фаъолияти созмонҳои гангстерӣ шаклу намудҳои нав мегирифт. Онҳо гӯё ба «тиҷорати расмӣ» мегузаштанд, саҳмияи ширкатҳои бузург, инчунин қитъаҳои заминро харидорӣ ва аз худ намуда, муассисаву марказҳои савдо ва тиҷоратро молик мешуданд.

Ҳукумати Амрико хатар ва таҳдидҳои раванди мазкурро, ки аз олами ҷиноят берун рафта, мақсади ба сиёсати бузург ҳамроҳ гардиданро дошт, дарк намуда буд, аммо муддати тӯлонӣ ба муқобили он амали таъсирбахшеро анҷом дода натавонист. Соли 1970 қонун «Дар бораи назорат аз рӯи ҷинояткории муташаккил дар ИМА» ба тасвиб расид, ки заминаи ҳуқуқии муборизаи ниҳодҳои давлатӣ бар зидди гангстеризм гардид. Минбаъд гангстеризм дар мамлакатҳои дигари олам низ мунташир гашт. Аз ҷумла, дар Ҷопон гангстеризм реша давонда буд, ки он бо номи «якудза» машҳур буд. Дар шароити имрӯза мафҳуми гангстеризм барои ифодаи усули амалисозии сиёсати таҷовузкоронаи хориҷӣ истифода мегардад.

  • Шарлье Ж. М., Марсилли Ж. Преступный синдикат/Перевод с французского М., 1983;
  • Мессик X. Боссы преступного мира /Перевод с английского М., 1985;
  • Никифоров Б. С., Решетников Ф. М. Современное американское уголовное право. М., 1990.