Jump to content

Ганданафасаки саҳроӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ганданафасаки саҳроӣ
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ

Ганданафасаки гандум (лот. Lygus pratensis) — як навъи ҳашароти зараррасон. Асосан ба киштзори юнучқа, қашқабеда, лаблабу, зағир, картошка, нахӯд, шалғами хӯроки чорво, бодиринг, карам, пахта, офтобпараст, маъсар, хардал, қулфинай ва ғ. зиён меорад.

Дарозиаш 4,7-6,6 мм. Рангаш зардча ё норинҷии сурхтоб. Ҳашароти болиғ 17-27 рӯз умр мебинад. Модинаи ганданафасаки саҳроӣ дар бофтаи думчабарг ва шонаҳои пахта 14-54 адад тухм мегузорад; ранги тухмаш аввал сафед, баъдтар зардтоб аст. Кирминаҳо тадриҷан ба тамоми рустанӣ паҳн мегарданд. Онҳо панҷ давраи ташаккулро аз сар мегузаронанд: давраи якум ба ҳисоби миёна 2,7-3,3, давраи дуввум 2,2-2,4, давраи севвум 1,9-2,3, давраи чорум 2,1-2,3 ва давраи панҷум 2,2-3,9 рӯз идома меёбад. Давомоти умумии инкишофи кирминаҳо 11-14 рӯз мебошад. Ганданафасаки саҳроӣ зимистонро дар замини юнучқазор ва алафҳои бегона мегузаронад. Дар пахтазор дар мавсими шонабандии ниҳолҳо пайдо мешаванд; онҳоро дар замини картошка, ҷуворӣ ва помидор низ дучор омадан мумкин аст.

Ганданафасаки саҳроӣ дар тамоми навоҳии пахтакори ҷумҳурӣ паҳн гардидааст.

Тадбирҳои мубориза

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо мақсади маҳв сохтани он аз доруҳои гуногуни кимиёӣ истифода мекунанд, мас., сумисидин (консентрати эмулсияи 20%-а; 0,6 л/га), ровикурт (консентрати эмулсияи 25%-а; 0,6 л/га), симбуш (консентрати эмулсияи 25%-а; 0,32 л/га), фозалон (консентрати эмулсияи 35%-а; 3,0 л/га), тиодан (консентрати эмулсияи 35%-а; 3,5 л/га) ва ғ.

  • Тошпӯлотов М. М., Қаҳоров Қ. Ҳ., Амонов М. Ҳ., Алибоева М. М., Солиев Ш. Т. Энтомологияи кишоварзӣ. Д., 2009;
  • Тошпӯлотов М. М. Тавсиянома доир ба муборизаи зидди зараррасон ва касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ ба роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ. Д., 2006;
  • Қаҳоров Қ. Ҳ., Амонов М. Ҳ. Тавсиянома доир ба муборизаи зидди зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ. Д., 2012.