Гандмурғ
Гандмурғ | ||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|
![]() | ||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Opisthocomus.
|
||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||
Opisthocomus hoazin (Statius Müller, 1776) |
||||||||
Мутародифот | ||||||||
|
||||||||
Ареал | ||||||||
![]() |
||||||||
Вазъияти ҳифз | ||||||||
|
Гандмурғ, ҳуотзин (лот. Opisthocomus hoazin), гоатсин — як навъ парандаи тропикӣ. Мансуби қатори фохташаклҳост.
Дарозии танаш то 60 см. Пару болаш зайтунранги ало; шикамаш зардтоб. Дар сар ва пушти гардан кокул дорад; парҳои гарданаш дароз. Гандмурғ дар Амрикои Ҷанубӣ (аз Колумбия то Боливия) сукунат дорад. Ҷои зисташ буттазори назди соҳили дарёҳост. Парвозӣ нест, қисми зиёди вақташро болои дарахтон мегузаронад (гоҳ-гоҳ ба замин мефурояд). Моҳҳои декабр-июл лона сохта, 2- 4 тухм мегузорад. Ғизояш баргу меваи рустаниҳост. Ғизоро мисли ҷонварони жованда бо роҳи ферментатсия ҳазм мекунад. Бинобар ин, парандаи бадбӯй аст. Гӯшти гандмурғро истеъмол намекунанд.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Гоатсин // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.