Гандумак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гандумак
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Elytrigia trichophora

Гандумак (Elytrigia trichophora) — рустаниест бисёрсолаи хӯшадор.

То 60-100 см қад мекашад. Пояаш гандуммонанд, баргу хӯшааш мӯякдор. Дар ҷойҳои дорчинихок хуб нашъунамо мекунад. Дар Аврупо, Русия, Осиёи Марказӣ, Осиёи Хурд паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон дар доманаи қ-кӯҳҳои Қурама, Туркистону Зарафшон, Ҳисору Дарвоз ва Тоҷикистони Ҷанубӣ (дар баландии 900—1800 м аз с. б.) нашъунамо меёбад. Аввалҳои фасли тобистон гул мекунад. Хӯроки хуби чорвост. Аз Г. хошок низ тайёр мекунанд. 100 кг хошоки Г. 28,3 воҳиди хӯрокӣ ва 3,1 кг протеини ҳозим дорад. Таркибаш аз 8-12 % протеин, 2-3 % равған, 40-45 % моддаҳои қиёмии бенитроген, фосфор (0,3 %), калсий (0,2 %), натрий (0,12 %), магний (0,1 %) иборат аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Невский С. А. Флора СССР. М-Л., 1934; Флора Таджикской ССР. Т. 1. М-Л., 1957;
  • Мартыненко В. А., Груздев Б. И. Определитель сосудистых растений окрестностей Сыктывкара. Екатеринбург, 2005.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]