Jump to content

Гандумаҷириқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гандумаҷириқ
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Elytrigia repens (L.) Desv. ex Nevski, 1933
Мутародифот
Elymus repens (L.) Gould, 1947

Гандумаҷириқ (лот. Elytrígia répens), алафи гандумак, гандумак, бандваш, бандкана, бедгиёҳ, наҷм, сил — рустании бисёрсолаи хӯшадор.

Пояаш рости ҳамвор, бемӯяк, 60-150 см қад мекашад. Баргаш борики дароз (15-40 см), ба барги гандум мемонад. Хӯшааш рост, дароз (7-20 см), донаш дуқатора ҷой гирифтааст. Моҳҳои май — июл гул карда, июл — август тухм мебандад (вазни 1000-тоаш 3-4 г). Г. чун алафи бегона дар лаби ҷӯю боғот, заминҳои партов мерӯяд. Дар қ-кӯҳҳои Қурама, Туркистону Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Помири Ғарбӣ (дар баландиҳои 700—2000 м аз с. б.) вомехӯрад. Аз сармо зиён намебинад. Дар хокҳои нарм то 15-20 см реша медавонад. Аз решапора ва тухм зиёд мешавад. Решаашро аввали баҳор ва тирамоҳ ҷамъоварӣ карда, дар ҳавои кушод мехушконанд. Г. хӯроки хуби чорвост. Аз Г. хошок тайёр мекунанд. 100 кг хошоки Г. 51,7 воҳиди хӯрокӣ ва 3,1 кг протеини ҳозим дорад. Пеш аз кишт Г. солҳои аввал камтар нашъунамо ёбад ҳам, баъди 4-6 сол хуб месабзад. Дар таркиби решапояи Г. ангиштоб, сафеда, каротин (6 мг%), левулез (3-4 %), маннит (2,5-3,0 %), фруктоза, сафеда (9,2 %), равғани эфир (0,06 %), витамини С (150 мг%) мавҷуд аст.

Г. рустании давоист. Абуалии Сино бо ҷӯшоби решаи он захми меъда, масона, қабзияти пешоб ва ғ.-ро табобат мекард. Тухми Г. давои хуби пешоброн буда, санги масонаро об мекунад. Шираи бо ҳиссаи баробари асал ё май ҷӯшонидаи он чашмдардро давост. Табибони халқӣ ҷӯшоби решаи Г.-ро ҳангоми бемориҳои роҳи пешобу талха, аъзои ҳозима, дарди санги талхадону гурда, ширинча, амрози пӯст, инчунин ба сифати давои исҳоловару балғамрон истифода мебаранд. Тарбандии марҳами он захмҳоро шифо мебахшад. Нақеи Г. сардард ва фишори пасти хунро рафъ сохта, хастагии рӯҳию ҷисмониро мебарорад. Дар тибби муосир ҷӯшоби решапояи Г. чун воситаи исҳоловар ва дар таркиби доруҳои арақовару пешоброн истифода мешавад.

  • Турова А. Д. Лекарственные растения СССР и их применение. М., 1974;
  • Гаммерман А. Д., Гром И. И. Дикорастущие лекарственные растения СССР. М., 1976;
  • Ходжиматов М. Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана. Д., 1989;
  • Новейшая энциклопедия лекарственных растений. М., 2011.