Jump to content

Ганзак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Ганзак
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Ганзак, Ганҷак — яке аз шаҳрҳои қадим ва маркази маъмурии Атропатен, ки дар шафати кӯли Урмия (шимолу ғарби Эрон) қарор дошт.

Дар осори арманӣ бо номи Гандзак, юнонӣ — Газака ва арабӣ Ҷанзак ёд шудааст. Ганзак ҳамчун шаҳр дар садаи I то м. пайдо шуда, ба қаламрави давлати Мод дохил мешуд. Аз асри 1 м ба маркази тиҷорат, ҳунармандӣ ва ҳамлу нақл табдил ёфт. Ганзак баъди таназзули давлати Ҳахоманишӣ ва соҳибихтиёр шудани сатрапи Мод — Атропат пойтахти Атропатен гардид. Оид ба макони ҷойгиршавии Ганзак дар байни таърихнигорон ду ақида мавҷуд аст: 1. Ганзак дар мавзеи имрӯзаи шаҳри Такоби устони Озарбойҷони Ғарбӣ қарор дошта, дар асрҳои миёна бо номи Шиз машҳур буд. Аз замони Сосониён дар Ганзак оташкадаи Озаргушнасп фаъолият мекард, ки имрӯз ин маҳал бо номи Тахти Сулаймон машҳур аст. Кӯшишҳои бостоншиносон барои дарёфти харобаҳои шаҳри Ганзак дар атрофи Тахти Сулаймон ба нокомӣ анҷом ёфта (соли 2006), ба қавли олимони бостоншинос эҳтимол шаҳр зери оби кӯли Урмия монда бошад. 2. Гурӯҳи дуюми таърихнигорон маҳалли ҷойгиршавии Ганзак-ро шаҳри Миёндуоби устони Озарбойҷони Ғарбӣ таъйин кардаанд. Ганзак соли 622 бар асари ҷангҳои Эрону Византия хароб ва нест шуд.

  • Дьяконов И. М. История Мидии. М.-Л., 1956; Алиев И. Очерк истории Атропатены. Баку, 1989.