Ганҷинаи зиндагон
«Ганҷинаи зиндагон» (форсӣ: گنجینه زندگان) — яке аз китобҳои Монӣ.
Монӣ ин асарро ба забони оромӣ навишта буд. Пайравонаш онро ба забонҳои дигар — қибтӣ, чинӣ, арабӣ, форсии миёна тарҷума кардаанд. Дар забони суғдӣ номи ин асар ба шакли «Самитиҳо» ёд шудааст. Дар «ал-Феҳрист»-и Ибни Надим ин асар бо номи «Сафару-л-эҳё», асарҳои Берунӣ ва Аҳмади Яъқубӣ «Канзу-л-эҳё», Масъудӣ «Канз» ва дар осори форсии миёна ба шакли «Ниёни зиндагон» («Ганҷи зиндагон») сабт гардидааст. Ба забонҳои эронӣ порае аз ин асар ба даст наёмадааст. Дар осори таърихии исломӣ мазмуни пораҳое аз он оварда шудаанд. Аз онҳо бармеояд, ки Монӣ дар ин китобаш аз равшанию торикӣ ва татбиқи ин мафҳумҳо дар ҳаёти ҷомеа сухан рондааст. Ба ақидаи ӯ фасод, корҳои пасти мардум падидаҳоеанд аз торикӣ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Haloun G. and Henning W. B. The Compendium of the Doctrines and Styles of the Teaching of Mani, the Budha Liqht. Asia Major III, 1952;
- بیرونیابوریحان. آثارالباقیه. لایپزیگ،۱۹۲۳؛
- همو. تحقیقماللهنر. لایپزیگ،۱۹۲٥؛
- ابنندیم. الفهرست. تهران،۱۳٥۲ش.؛
- تفضلیاحمد.تأریخادبیاتایرانپیشازاسلام. تهران،۱۳۸۶ش.؛
- دانشنامۀدانشگستر. جلد۱۴،تهران،۱۳۸۹ش.ر
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ганҷинаи зиндагон / М. Диловаров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.