Ганҷинаи масодир ва сарчашмаи наводир
Зоҳир
«Ганҷинаи масодир ва сарчашмаи наводир» (форсӣ: گنجینه مصادر و سرچشمه نوادر) — фарҳанги масдарҳо (феълҳо)-и форсист аз таълифоти мавлавӣ Сайид Абулҳасан — адиби форсигӯйи Ҳиндустон.
«Ганҷинаи масодир ва сарчашмаи наводир»-ро пас аз се соли заҳмат, соли 1923 ба итмом расонидааст. Масдарҳо дар ин китоб (4004 вожа) ба тартиби алифбои форсӣ дар сутуни аввал ҷой дода шудаанд. Дар сутуни дуюм муродифи масдарҳо, дар сутуни сеюм муодили урдуи онҳо ҷой гирифтаанд. Муаллиф масдарҳоро маънидод карда, барои тақвияти фикр аз ашъори шоирони форсу тоҷик абёт овардааст. Нусхаи дастнависи «Ганҷинаи масодир ва сарчашмаи наводир» дар китобхонаи Осафияи Ҳинд маҳфуз аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ганҷинаи масодир ва сарчашмаи наводир // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.